МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳия

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳия

          Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани Наврӯзи байналмилалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ оид ба таҷлили ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ  дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳрак ва  деҳоти ноҳия таҳия гардидааст.

         Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур санаи 22-юми марти соли  ҷорӣ дар маркази ноҳия чорабинии Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф аз намоиши ҳунарҳо ва таомҳои миллӣ,  маҳсулотҳо, дастовардҳо, истеҳсолот  дидан намуда, сипас мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд.

         Инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сайру гашти оммавии шаҳрвандон дар боғи фарҳангии ноҳия, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. 

         Бахшида ба таҷлили ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ  дар ноҳия якчанд иншоотҳо ба истифода дода шуданд.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-03-2017, 17:27:37 | Диданд: 1021