МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Аз паша фил месозанд

Аз паша фил месозанд

Ҳодисаи ба амал омада дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат душманон ва тангдилонро аз хоб бедор кард. Аз ин ҳодиса фақат душманони миллати мо хурсанд шуда, дар саҳифаҳои шабакаи ҷаҳонии интернет туҳмату найранги худро гуфтан мегиранд.  Акнун онҳо садо баланд мекунанд, ки ин кор кунеду ин кор кунед гуфта назди мардум худро сафед кардани мешаванд.

Дар ин ҳодиса бештар боз даст доранд ҳамон дасисабозон ва нафароне, ки аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванду мақсади нопок доранд.

Албатта кори нанговар аст вақте нафарони хориҷбуда мардуми моро фирефта намуда дар ин мулке ки ҳама ором ҳасту тамоми шаҳрвандон озоданона қадам мегузоранд тухми нотинҷиро мехоҳанд ҷой кунанд. Тавре, ки ба воситаи ахбори омма бароиямон маълум мегардад дар саросари ҷаҳон ҳатто дар давлатҳои пуриқтидор ҳам ҷангу ҷидол ва нофаҳми дар ин ё он ниҳод мешавад. Таври дар халқият мегӯянд 5 панҷа як нест. Барои ин зарур аст, ки шаҳрвандон зиракиро аз даст надода, барои нагузоштани  тухми душман дар кишвари азизамон мубориза баранд.

Бубинед, ки душманони мардуми кишвари мо ончунон ҳасад мебаранд, ки ҳатто барои гурезондани сайёҳон низ амали терррористии номардонаашонро карданд. Агар онҳо ғамхори ин мардум мебуданд баҷои кори нек кори бадро ҳаргиз намекарданд. Онҳо нафароне ҳастанд, ки зери таъсири хоҷагони хориҷиашон фақат ба корҳои тарсу ҳарос гузоштани мардуми тоҷик даст мезананд.

Мо бояд шукронаи Истиқлолият ва тенҷию амонӣ кунем, ки дар фурсатҳои кӯтоҳ ҳамаи гурӯҳҳои хиёнаткор маҳв мегарданд.

Албатта ҳодисаи ба амал омадаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат ин кори номардонаи гуруҳҳои ифроти аст.

Ман аз шаҳрвандон талаб мекунам, ки дар вокуниш нисбати душманони мардуми Тоҷикистон зирак бошанду масъул.

 

Р.Солеҳов сокини н.Восеъ

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-05-2019, 10:13:57 | Диданд: 714