МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризмро пешгирӣ бояд кард.

Терроризмро пешгирӣ бояд кард.

Бояд тазаккур дод, номи М.Кабирӣ ҳамчун террорист ва ифротгарои ашадӣ расман аз ҷониби Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале вай дар нишасти як созмони багуфти худаш бонуфузи байналмилалӣ ширкат кардааст. Чунин менамояд, ки ин созмон кайҳо боз баташкилоте табдил ёфта, ки гурӯҳу қувваҳои террористиро сарпарастӣ ва дастгирӣ менамояд. Вақте террорист ва ифротгароӣ дар нишасти чунин созмонҳо озодона ширкат варзиданашон ва намояндагони ин созмон онҳоро банишаст роҳ медиҳанд, хулоса баровардан мумкинаст, ки магар онҳо ҳомии терроризм ва террористон нестанд!?

Албатта, маълум аст, ки андешаҳои нопок бо роҳи осоишта амалӣ намешаванд. М.Кабирӣ ҳадафи хешу ҳаммаслаконашро ошкор намекунад, вале пайравонашро вобаста баин нишаст даъво мекунанд, ки дар таърихи ин конфронс ҳеҷгоҳ масъалаи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон матраҳ набудааст ва бори авваласт, ки исми зиндониҳои сиёсӣ ба рӯйхати маъруфтарин қурбониёни низомҳо ворид мешавад.

        Ҳамин аст, ки баъзе ташкилотҳои ҷаҳонӣ вобаста ба имконияту тавонмандии молиявӣ иқтисодӣ барои пиёда намудани барномаҳои сиёсӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин роҳа усулҳои фиреби сиёсӣ, дурӯғу туҳмат кор мегиранд. Мисоли равшани инро аз иштироки террористу ифротӣ- Муҳиддин Кабирӣ дарк намудан мумкин аст. Ҳарчанд чунин созмонҳо расман бо давлати Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми ҷаҳонӣ ҳамрадиф бошанд ҳам валеҳимояту ҷонибдорӣ аз ТЭТҲНИ боварӣ ва эътимодро коста мегардонад.

        Моро мебояд,  сари ин масъала дар якљоягӣ мактаб, волидайн, ањли љомеа андеша кунем ва роњи њалли ин мушкилотро дарёбем. Мактабу муаллим дар љараёни таълиму тарбия метавонанд, ки  насли наврас ва љавононро дар руњияи ватандўсти ва хештаншиноси тарбия намоянд. Бахусус дар ин самт масъулияти муаллим хеле зиёд мебошад.

Назарова Ҳ-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-05-2019, 14:17:34 | Диданд: 30