МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бозиҳои варзишӣ бахшида ба “Соли ҷавонон”

Бозиҳои варзишӣ бахшида ба “Соли ҷавонон”

        Дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24.02.2017, №48 “Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  8 феврали соли 2017, №АП-833 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” қарори раиси ноҳия аз 27.03.2017, №229 ба имзо расида барои иҷро ба иҷрокунандагон расонида шудааст.

  Дар асоси қарори мазкур дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои гуногуни   варзиши бо иштироки ҷавонону наврасон ташкил ва гузаронида мешаванд.

         Дар се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия 23 чорабиниҳои варзишӣ, 15 чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ,   ноҳиявӣ бахшида ба “Соли  ҷавонон” Рӯзи Артиши миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ байни ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шудааст. Рӯзҳои 21-25 марти соли 2017 Фестивали бозиҳои милли аз қабили чиликдангал, биҷилбозӣ, ланкабозӣ, гуштингирӣ, дастхобони ва бандкашӣ гузаронида шуд.

 Варзишгарони ноҳия дар се моҳи соли 2017 дар мусобиқаҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 8 -медали тилло, 7- медали нуқра ва  6 -медали биринҷӣ гардиданд.

 

  

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-04-2017, 15:27:17 | Диданд: 1130