МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Наҳзат, Дииш, Ал-Қоида як мактабанд.

Наҳзат, Дииш, Ал-Қоида як мактабанд.

Дар ҷаҳони муосир терроризм чун вабои аср зуҳур намуда амнияти сайёрарои Заминро ва ҳар як сокини онро таҳдид намуда, боз оянда хатарҳои зиёдеро пешору меорад. Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористии Ал-қоида, Дииш, Ҳизби таҳрир ва дигар пайравони онҳо дар кишварҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дар даҳҳо кишварҳои дигар амалҳои террористиро роҳандози намуда садҳо бегуноҳонро қурбони ин амалҳои манфури худ намудаанд.

Насли калонсолу миёнсоли точик хуб огоҳанд, ки бо дасисабозиҳои назҳатиён солҳои навадуми асри гузашта кишвари мо низ ба гирдоби ин амалҳои террористи афтида буду чи қадар деҳаҳои ободу зебои Ватани азизамон хароб  шуда буд. Домани 150 ҳазор бегуноҳон қурбони ин амали назҳатиён гардид. Дар хоки афғонистон мазори ғарибони тоҷик пайдо шуд. Ва шукри даргоҳи Парвардигор менамоем, к ибо ризоятити ӯ фарзанди фарзонаи миллат Эмомали Раҳмон сари қудрат омаду бо талошҳои пайгиронааш мамлакатро аз ин ҷанги бародаркӯш раҳои бахшид.  

Таҳлилҳои коршиносон онро нишон медиҳад, ки Дииш, терроризм ва назҳатиён гарчи ба ном дигаранд дар асл як буда, ҳадафашон ноором намудани амнияти кишварҳо мебошад.

Шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир инсонияти сайёраи заминро водор месозад, ки ба муқобили онҳо дастаҷамъона мубориза баранд.

Рӯзҳои 16-17-уми майи соли равон дар пойитахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷамъомади сатҳи олии кишварҳо дар ин мавзӯъ доир гардид. Дар он Пешвои муазами миллат Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда даъват ба миён овард, ки кишварҳои олам дар мубориза ба муқобили терроризм фаъол бошанд.

Мушоҳидаҳои нишон медиҳанд, ки гуруҳҳои ифротгароиро бештар дар байни ҷавонон таблиғоти дуруғини худро роҳандозӣ менамоянд, онҳоро мефиребанд.

Аз ин рӯ аҳли ҷамоатчигии кишварро лозим меояд, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем, то онҳоро аз ҷавҳару воқеъати  дини мубини ислом огоҳ созем.  Охир дар ҳадиси ҳазрати Алӣ  омадааст, ки чун миёни ду мусулҳо ҷанг шуд шамшери чубин ба даст гиранд.  Мурод аз шамшери чубин  ин сулҳу ошти аст. Мо медонем, ки ин гуруҳҳо ҳеҷ гоҳ худро террорст намехонанд, ки аммо бояд зирак шуду муйро аз хамир ҷудо бояд кард.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон терроризм қудрати баланди ҷанги идеологиро дорад.

Имрӯзҳо дар хусуси амалҳои манфури террористию ифротгарон  расонаҳои хабарии олам бисёр мегуянду менависанд. Воқеан ҳама ин гуруҳҳо дар ҷаҳони муосир хеле реша давонида мардуми сайёраи заминро ноорому дар ташвиш андохтааст. Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки ба дасти ин гуруҳҳо дар кишварҳои шарқи наздик рух медиҳанд, ҳар инсони солимфикрро ба андеша меорад, чи заруратест, ки эшон ба ин амалҳоии нангин даст мезананд. Албатта ҳамаи ин аз он сарчашма мегирад, ин бахши одамон хештаншиноси худогоҳ нестанд.

           

Рустами Солеҳ-сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-05-2019, 14:48:44 | Диданд: 536