МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Террористон раҳму шафқат надоранд

Террористон раҳму шафқат надоранд

Нафароне, ки ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд онҳо раҳму шафқат ва виҷдону нангу номусро аз худ дур мекунанд. Зеро аксарияти амали онҳо ноҷавонмардона буда бештар дар амалҳои террористӣ мардуми бегуноҳ ва кӯдакону наврасон қурбон мегарданд. Ин масъала ҷомеаи башарриро ҷалб намудааст. Дар санаи 21 майи соли ҷорӣ ҷаласаи 46 - уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш қайд кард, ки:

“мутаассифона, имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Дар ҳамин замина, дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтазам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин, дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона» истифода гардида, онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ба таври моддиву молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд”.


          Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар маҷмӯъ, ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мегардонад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва ёриву дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонанд. Яъне, Тоҷикистон дар хати пеши мубориза бо терроризму ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад. 

          Бештари хонандагон хуб огаҳанд, ки якчанд сол қабл дар ВМКБ  аз одитарин ҳодиса душманони миллат ҳангоматалаби карда мардуми ин вилоятро ба таври худ роҳнамоӣ мекарданд. Танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ки барои ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз шароити мусоид фароҳам оварад. Маҳз бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари мушкилотҳои мавҷудаи ВМКБ ҳалли худро пайдо кард. Имрӯз ба ВМКБ тамоми сайёҳону ба тамошо мераванду аз табиати зебояш баҳра мегиранд.

 

 

Хатлоншоҳи М. Сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-05-2019, 12:26:34 | Диданд: 486