МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Шукри ободӣ мекунем мо!

Шукри ободӣ мекунем мо!

Раванди шукуфои сарзамини тоҷикон,ки зиндагии шоистаи мардуми тоҷикро рӯз аз рӯз шоистатар гардонида истодааст ба чашми хиёнаткорони миллат чун хор мехалад, онҳоро нофорам месозад,ба вижа зулмоттиннатон аз нур мегурезанд.Гаравидан ба амалҳои дурр аз ҳуввияти асили амалҳои инсонӣ, дурр аз амалҳои хайрхоҳи, ба чашми бад нигаристани пешрави дар ҳамаи самтҳо беҳ шудани зиндагонии мардум ва вусъат ёфтани корҳои ободкорию созандаги дар мамлакат ин хиёнат ба ватану миллат аст. Ҳизби мамнуъ гаштаи касиф (ҲНИ) имруз дар қаламрави ватани азизамон нуфуз надорад вале хоҷагони хориҷии онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳад ба пешравӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз халал ворид намоянд. Масъалаи аз  ҳама ҷидитарине, ки дар садаи XXI пайдо шудааст ин шомилшавии ҷавонони фиребхурдаю  роҳгумзада бо гуруҳҳои террорист ива ифротгарои мебошад,ки боис айби дини ислом гардидааст. Дар Бадахшон имрӯзҳо баъзе аз ҷавонон фирефтаи ҳар равияву мазҳабҳо гашта аз пайи нотенҷу ором сохтани кишвари азизамон мегардад.Агар мо мусалмонон эътиқод ба дини ислом дошта бошем чаро эҳтироми Худову Расулро баҷо намеоварем ва даст ба корҳои зишт ва бад мезанем дар ҳолате,ки якдигарро фиреб медиҳем,бахели мекунем,дӯруғ мегуем,даст ба дуздию  ғоратгарӣ мезанем, ғайбат менамоем ва аз ҳама  гуноҳи азим одам мекушем. Баъзе нохалафони Бадахши шукронаи тинҷию амони накарда боиси тафриқандози байни мардум гардида аз суст иродагии бархе ҷавононро  ба ҳар роҳу усул истифода мебаранд. Кай мо решаи тафриқаандозиро аз бехаш бармеканем ?

Шамсов Н-сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-06-2019, 08:17:58 | Диданд: 542