МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ба мо-бегона

Терроризм ба мо-бегона

                                

Терроризм ва гурўҳҳои радикалӣ дар таърихи инсоният ба давраҳои хеле қадим зуҳур намуда, дар шаклу  намудҳои мухталиф фаъолият менамоянд ва дар ҳамаи ин марҳилаҳо мақсадашон ноором сохтани ҷомеа буд. Аз нигоҳи коршиносон баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ба ду лагер ҷудо шудани шаклҳои гуногун фаъолияти ин гурўҳҳои ифродӣ хеле авҷ гирифт. Чун ҷомеаи ҷаҳонӣ пешрафт, дастгоҳҳои таблиғотӣ рушд намуд. Терроризм дар шаклҳои гуногун ва бо ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ фаъол гаштанд. Имрўзҳо ифродгароиҳои динӣ дар мамлакатҳои шарқ  чун Афғонистон, Ироқ Шом, Филлипин хеле авҷ гирифтааст,ки оқибати фоҷиабори онро мо хуб дида истодаем. Барои мисол  ба таърихи 40 соли охири Афғонистон ба мо ҳамсоя менигарем, ки ин кишвар аз дасти гурўҳҳои ифротгарои мазҳабӣ ба чӣ ҳоли табоҳӣ расидааст. Давлати мо дар марҳалаи нави ҷомеасозӣ гом мезанад ва ҳадафаш муҳайё намудани ҷомеаи солимӣ демократист, ки мо марҳала ба марҳала ноил шуда истодаем. Пешравии ҳаёти ҷомеаи кишвари сулҳу суботи он ва фазои ҳамдигарфаҳмии имрўзаи мо гурўҳҳои мухолифинро имрўзҳо хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд, ором намегузоранду бо ҳар баҳона дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мо буҳтон мезананд. Вале чӣ суд аз ин имрўз, ки мардум  миёни баду нек, кӣ дўсту кӣ  душман фарқ мегузоранду фирефтаи таблиғоти дурўгине намешаванд.

          Дар кишвари мо ҳамаи шароитҳо барои диндорон муҳайё  мебошад. Дар замони Ҳукумати Шўравӣ ҳамагӣ 30 нафар сокинони кишвари мо ҳаҷи фарзиро иҷро  намуда буданду халос. Аммо таи солҳои даврони Истиқлолият сол то сол 5 ҳазор нафар сокинони кишвар ҳаҷи фарзиро ба ҷо меоранд. Шояд ҳамин миқдор ҳаҷи умраро сомон диҳанд. Дар ҳар деҳа биноҳои ҳозиразамони масҷидҳои ҷомеаю панҷвақта амал мекунанд. Барои омода намудани мутахассисони динӣ бошад, дар пойтахти кишвар Донишгоҳи исломии ба номи Имоми Аъзал амал мекунад. Аз ин беш боз чӣ мехоҳем. Ин ҳама аз рушди оянда ва маданияти баланди динӣ хабар медиҳад. 

          Дар фароварди сухан ҳамаи маруми кишварро ба ободкорию созандагӣ даъват менамоям. Мо бояд дар ин замони пурмоҷаро худшиносии миллиамонро инкишоф диҳем, хештаншинос бошад. Ин ватанро дўст дорему ободаш намоем.

    

Рустам Солеҳов – Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-06-2019, 06:19:51 | Диданд: 537