МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сулҳи мо абадист

Сулҳи мо абадист

Мубориза алайҳи терроризм ва гуруҳҳои ифродӣ дар замони муосир масоили глобалӣ арзёби шудааст. Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон ва он воқеятҳои даҳшатборе, ки дар кишварҳои олам ба дасти ин гўруҳҳо таҳрези шуда амали мешаванд ҳеҷ инсонияти солимфикрро бетараф намемонад. Домани фаъолияти ин созмонҳо торафт гузтариш меёбад ва вазияти ҷаҳони муоссирро бозҳам ноором месозад. Имрўз дар саёраи замин кам давлатҳоеро дучор меоем, ки ҳадафи ҳамсоли ин гуруҳҳо қарор нагирифта бошад.

Пешвои муаззами миллат чун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳони рафти ҳодисоту воқеатро дар ҷаҳон таҳлил намуда, дар паёми худ соли  2016 чунин ибрози ақида намуда буд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Ва аз ин суханони сарвари давлат он нуқта бар меояд, ки кишварҳои олам дар мубориза ба муқобили ин вабои аср паҳлуи ҳам буда, «Туро созад маро чи суд» мавқеъи бетарафиро ишғол накунанд.

 Мо мардуми тоҷик солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷеабореро, к ибо дастони гуруҳ  таҳрези шуда буд, нағз дарёд дорем. Ҳамон вақто ин гуруҳҳо дар ниқоби ислом амалҳоро дар кишвари мо анҷом доданд, ки ғайри қонунҳои исломӣ буд. Мушоҳидаҳо ва гуфтаҳои коршиносони ин соҳаю таҳлилҳои бардавоми онҳо онро нишон медиҳад, ки амалҳои террористӣ бо дасти шахсият  ё гуруҳҳое анҷом дода мешавад, ки эшон хештаншинос нестанд. Дар онҳо меҳру муҳаббат ва Ватан ва инсоният нест, дониши қазоие дар ягон ҷода чӣ дин чӣ сиёсат надоранд. Ва чун ин амалҳо дар онҳо нест зуд фирефтаи дастаи ифротгароён мегарданд. Мо борҳо дар баромадҳои Пешвои миллат шунидаем, ки такия ба ҷавонони кишвар намуда онҳоро неруи ояндасози кишвар номида буд. Мо насли калонсолони кишварро лозим меояд, ки ба тарбияи ахлоқию  маънавии ин насли ояндасози миллат беш аз ҳарвақта ҳампаҳлуи онҳо бошем. Дастгоҳҳои таблиғоотии кишвар шабакаҳои теливизионҳо барномаҳои радиф бештар намоишҳоро роҳандози намоянд дар қалби сокинони кишварамон меҳру муҳҳаббатро ба Ватан зиёд гардонанд ҳисси душман бадбинии насли ҷавонро ангезиш диҳанд.

Чунин ҳолатҳо дар замони иттиҳодияи шуравӣ дар сатҳи хеле баланди ватандўстӣ ба роҳ монда шуда буд, ки дар солҳои 1941-1945 халқиятҳои гуногуни иттиҳодияи шуравӣ ҳама чун як тан суи сипари душман ба ҳимояи Ватан хестанду дар муҳорибаи қатлу хунин ғалаба ба даст оварданд. Ҳоло он ки роҳбарияти вақтии ормони онро нигарон буд, ки баробари оғози ҷан парокандаги миёни халқиятҳои иттиҳоди шуравӣ ба амал меояд. Анна ҳамин муҳаббати мо тоҷикон ба ин сарзамин буд, ки соҳои навадум  хатои хешро ба зуди фаҳмидему даст ба даст дода роҳ суҳи ваҳдату бунёдкориҳо гирифтем.

Имрўз ҳар як вазифадорем дар амнияти кишвари хеш ва сулҳу суботи он масъул бошем.

          Сулҳ бошад бигзарад нон бемалол,

         Аз гулуи халқ дар ҳар гунна ҳол

Фармудааст шоири сулхоҳи тоҷик М. Турсунзода.

 

             Сармутахассиси шуъбаи

          маорифи н. Восеъ                                 Р. Солиҳов

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-06-2019, 14:22:09 | Диданд: 443