МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тоҷикистон доимо дар арсаи ҷаҳон терроризмро хатари ҷаҳонӣ ва доғ арзёби мекунад.

Тоҷикистон доимо дар арсаи ҷаҳон терроризмро хатари ҷаҳонӣ ва доғ арзёби мекунад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари баромадҳояш аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ диққати аҳли башарро ба пешгирии терроризму экстремизм ҷалб менамояд. Санаи 15.06.2019  дар шаҳри Душанбе зимни суханрониаш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) қайд намуд, ки : “Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд.

Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад.

Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ, давоми соли гузашта ва ҷорӣ ду конфронси муҳими сатҳи баландро, дар мавзӯи таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор намуд.

Муқовимати самарабахш ба таҳдиду хатарҳои мазкур зарурати татбиқи чораҳои фарогирро оид ҷиҳати беҳтар намудани ҷанбаҳои иҷтимоии ҳаёти ҷомеаҳои мо, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва бекориро тақозо менамояд.

Вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ боиси нигаронии ҷиддии мо гардидааст.

Андешидани чораҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои МҲТБО дар ин ҷода метавонанд ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ намоянд.

Дар ин зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки Машварат метавонад нақши муҳим дошта бошад”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пойдории амният ва ваҳдатро яке аз неъматҳои бузург барои аҳли башар таъкид карда аз таърихи гузаштаи мардуми тоҷик дар ин самт мисол меоварад.

 

Мирзоев С-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-06-2019, 15:30:51 | Диданд: 396