МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳизби наҳзати исломӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаракати террористии байналхалқӣ аст. Ин ҳақиқат ҷои шакке надорад!

Ҳизби наҳзати исломӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаракати террористии байналхалқӣ аст.  Ин ҳақиқат ҷои шакке надорад!

Пас аз нашр шудани маводи фармоишии журналист Иля Лозовский «Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки 18.04.2019 дар сомонаи русии радиои амрикоии «Озодӣ» паҳн гашт, мавзуи моҳияти зархаридии ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ ва робитаҳои он бо шабакаҳои террористии байналхалқӣ бори дигар дар расонаҳо бардошта шуд. Ин шабакаи ғарбӣ, ки амалан ба минбари таблиғотии наҳзатиён табдил шудааст, бо нашри ин матлаб амалан марсияи худро бар марги ТЭТ ҲНИ ба чоп расонд. Аниқтараш, ин марсияи соҳибони ин расонаҳо ва хоҷагону спонсорҳои наҳзат буд, ки бар шикасти ин тарҳи ноком ва бар марги ин фарзанди номашруи онҳо суруда шуд. Зеро, дар ҳақиқат, нобуд ва аз саҳнаи таърих берун шудани ТЭТ ҲНИ барои хоҷагони шарқию ғарбии он як фоҷеа, балки як бохти ҳақиқии сиёсию геополитикӣ буд. Онҳо дар назар доштанд, ки маҳз бо дасти ин гурӯҳи зархариду дастнишонда нақшаю манфиатҳояшонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ амалӣ намоянд, аммо бо «ғуруби наҳзати исломӣ» ин нақшаҳо якбора барбод рафтанд. Ин аст, ки мақолаи марсиявӣ бисер пурсузу гудоз ва саршор аз афсусу надомат эҷод шудааст…

Аммо муаллиф, ки мехост ба ТЭТ ҲНИ машруияти таърихӣ бахшида, чеҳраи онро ҳамчун «ташкилоти либералии озодихоҳ», «фарқкунанда аз Ихвон-ул-муслимин», «ҷонибдори давлати дунявии демократӣ» нишон диҳад, шояд аз беэҳтиётӣ, «корро расво кард». Ӯ дар мақола ба як гузориши мақомоти ҷосусии ИМА, ки 31-уми декабри соли 2001 дар рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» ба чоп расида буд, ишора намуд, ки ин санад якбора таваҷҷуҳи хонандагони васееро ҷалб намуд. Моҳияти гузориш чунин аст, ки хадамоти ҷосусии ИМА солҳои 1995 ва 1996 аз Афғонистон чанд гузориш фиристодаанд, ки дар онҳо наздикию ҳамкории роҳбари ТЭТ ҲНИ С.А.Нурӣ бо роҳбари ташкилоти террористии «Ал-Қоида», «террористи №1» - Усома Бен Ладен нишон дода мешавад. Дар ин гузоришҳо, аз ҷумла омадааст, ки бо хоҳиши Усома Бен Ладен С.А.Нурӣ мулоқоти ӯро бо намояндагони хадамоти ҷосусии ҶИ Эрон - Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ташкил кардааст. Он вақт С.А.Нурӣ дар шаҳри Толиқон ва Бен Ладен дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон қароргоҳ доштанд. Мақсади асосии ин мулоқотҳо ҳамоҳанг намудани имкониятҳои «Ал-қоида» ва Эрон дар муқобили ИМА буданд. Ҳамин тавр, муаллифи марсияи наҳзат хоста ё нохоста, саҳифаи қариб фаромӯшшудаи робитаҳои наздики ТЭТ ҲНИ бо ташкилотҳои террористии байналхалқиро дубора кушод.

Албатта, барои огоҳони моҳияти ТЭТ ҲНИ ин ягон кашфиёт нест ва иртиботи амиқи ин ҳизб бо ташкилотҳои дигари террористии байналхалқӣ ҷойи баҳс надорад. Аммо ин ёдоварии таърих барои наҳзатиёни имрӯза басе ногувор омад. Зеро фаъолони фирории наҳзатӣ солҳои охир тамоми кӯшиши худро ба харҷ доданд, ки гузаштаи террористии худро пинҳон карда, худро дар чеҳраи нав, дар чеҳраи дунявию демократию либералӣ зоҳир намоянд. Хусусан Раиси ТЭТ ҲНИ бо тамоми қувва кӯшиш кард, ки худро як шахси озодихоҳу либералу аврупоӣ нишон дода, дар доираҳои аврупоӣ эътироф ёбад ва аз грантҳои ғарбӣ бештар бонасиб шавад. Ӯ дар ин роҳ бо пеш гирифтани макри сиёсӣ ҳатто номи ТЭТ ҲНИ-ро пинҳон намуда, худро ҳамчун раиси ташкилоти сунъии Паймони миллии Тоҷикистон муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, дар чунин давра ба доираҳои сиёсии ғарбӣ ёдрас шудани моҳияти террористии ТЭТ ҲНИ ва пайванди он бо ДОИШ-у «Алқоида»-ю «Толибон»-у Сипоҳи посдорон хоби М.Кабириро парронд. Ин буд, мубаллиғони наҳзатӣ вазифа гирифтанд, ки бо ҳар роҳе набошад, ҳамин нуктаи мақоларо инкор  намоянд ва дар радди он маводҳои сершуморе дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн созанд.

Ин аст, ки чанд ҳафта боз мубаллиғони наҳзатӣ талош доранд, ки бо ҳазорон далелу мантиқ робита надоштани наҳзат бо ташкилотҳои террористии байналхалқро исбот кунанд. Аммо чи тавон кард, ки ба ибораи халқ, офтобро бо доман пӯшонида намешавад. ТЭТ ҲНИ аз аввал бо ҳидояту таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароии хориҷӣ ташкил шуд, дар тамоми давраи фаъолияташ ҷузъи таркибии шабакаи байналмилалии террористӣ буд, бо тамоми ташкилотҳи террористии ҷаҳонӣ робитаи бевосита дошт, аз онҳо кумак ва дастур мегирифт ва мегирад. Агар наҳзатиён инро фаромӯш карда бошанд, фақат барои намуна баъзе аз он робитаҳоро ёдовар мешавем, то ҳофизаи таърихии ин террористони либерал барқарор шавад:

1.Пайванд бо «Ихвон-ул-муслимин». Пайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳи террористии байналхалқии «Ихвон» бисёр решадор аст. Бунёдгузорони ҳизби наҳзат дар хотироташон бо ифтихор ёдоварӣ мекунанд, ки ҳануз солҳои шӯравӣ дар маҳфилҳои худ китобҳои роҳбарони ихвонӣ Саид Қутб ва Муҳаммад Қутбро мехонданд ва онҳоро сармашқи худ медоданд. Нигар мусоҳибаҳои боқимонда аз С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, А.Сатторов, З.Розиқ ва ғ.

Робитаи наҳзатиён бо ҷосусони ихвонӣ ҳанӯз дар ҳамон солҳои Шӯравӣ ошкор ва пешгирӣ шуда буд. Яке аз фаъолони наҳзатӣ, сокини деҳаи Себистони ноҳияи Данғара Мулло Аҷик (Алиев) дар ҳамкорӣ бо донишҷӯи ихвонӣ аз кишвари Судон бо номи Зубайд Содис мехост ба наҳзатиён барои нашри китобҳои идеологию динӣ як чопхонаи хурд (дастгоҳи типографӣ) бо алифбои арабӣ дастрас намоянд. Пас аз ошкор шудани ин нақша, бо нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сафорати Судон, ин донишҷӯ аз донишгоҳ ва умуман, аз ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ хориҷ карда шуд.

Дар давраи солҳои 1995-2002 раиси онвақтаи ҲНИ М.Ҳимматзода ва узви Раёсати Олии ҲНИ Ғаниев Маҳмадсаид (Маҳмадсаид Ризоӣ) дар Покистон бо роҳбарияти ҳаракатҳои "Ихвон-ул-муслимин", "Ҷамоати исломии Покистон" (бахусус бо роҳбари собиқи он Қозӣ Ҳусейн Аҳмад), ҳамчунин маблағгузорони созмони "Ихвон-ул-муслимин" аз давлатҳои Кувайт ва Қатар, аз ҷумла Шайх Дабус ҳамкории наздик доштанд.

Дар чанд соли ҳукумати ихвониҳо дар Миср, раиси ҲНИТ М.Кабирӣ борҳо ба он кишвар сафар карда, дар чорабиниҳои ихвониҳо иштирок карда, бо роҳбари онҳо М.Мурсӣ мулоқот намуд. М.Кабирӣ аз давлати Тоҷикистон даъват кард, ки  ҳукумати ихвониҳоро эътироф намояд. Робитаҳои ТЭТ ҲНИ бо ихвониҳои гуреза дар Аврупо ҳоло ҳам идома дорад.   

2.Робита бо «Ал-қоида». Робитаи наҳзатиён бо ташкилоти террористии «Ал-қоида» бисёр устувор буд ва ҳаст. Дар давраи  муҳоҷирати наҳзат ба Афғонистон «Ал-қоида» яке аз спонсорҳои асосии ин ташкилот буд. Намояндагони он бо дафтари ҲНИ дар Пешрвар, ки он ҷо М.Ҳимматзода меистод ва баъдан, бо намояндагиҳои ҲНИ дар  Қандаҳор ва Ҷалолобод робитаи доимӣ доштанд. Солҳои 1995-1997 роҳбари ҲНИ С.А.Нурӣ борҳо бо роҳбари «Ал-қоида» Бен Ладен мулоқот намуда, аз онҳо кумакҳои калони молию ҳарбӣ гирифта буд. Аз сабабе, ки С.А.Нурӣ забони арабиро дар сатҳи зарурӣ намедонист, ин мулоқотҳоро тарҷумонҳои даризабони Усома тарҷумонӣ мекарданд, ки мазмуни он ҳам пинҳон намемонд.

Яке аз вазифаҳои С.А.Нурӣ барқарор кардани робитаи шабакавӣ байни «Ал-қоида» ва Сипоҳи посдорони Эрон буд. Гарчи рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» ин мавзуъро то охир накушодааст, аммо С.А.Нурӣ дар ниҳоят ҳам робитаи «Ал-қоида» ва ҳам робитаи гурӯҳи террористии «Толибон»-ро бо хадамоти ҷосусии Эрон барқарор карда буд. Ин робита имрӯз ҳам барқарор буда, баъзе аз амалиётҳои ин се ташкилот ба таври муштарак мегузаранд.  

3.Робитаи ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳи «Толибон». Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳаракати террористии «Толибон»-и Афғонистон низ робитаҳои наздиктарин дошт. Мулоқоти роҳбарони аввали ҲНИ бо роҳбарони «Толибон», аз ҷумла бо Мулло Умар борҳо сурат гирифта буданд. Ин робитаҳо низ бештар аз тариқи дафтари ҲНИ дар Пешовар анҷом мешуд. Моҳи октябри соли 1996 С.А.Нурӣ бо ҳайати роҳабрияти ҲНИ ду рӯз меҳмони Мулло Умар дар Қандаҳор буданд. Далели дигари робитаи наздики ҲНИ бо «Толибон» дар он буд, ки пас аз ишғоли қисмҳои ҷанубу марказии Афғонистон аз тарафи «Толибон», намояндагиҳои ҲНИ дар Қандаҳор, Ҷалолобод, Ҳирот ва Кобул ҳамчунон фаъолият мекарданд. Яъне, ҲНИ ҳукумати «Толибон»-ро амалан ба расмият шинохта, дар ҳудуди онҳо сафорати худро дошт. Сафири ҲНИ дар назди «Толибон» яке аз афроди наздиктарини С.А.Нурӣ бо номи рамзии «Ҷайҳун» ёд мешуд, ки аз сокинони ноҳияи Ёвон буд. Ин сафири наҳзат то ҳоло ҳам бо «Толибон» ё дар Покистон боқӣ монда, ба Тоҷикистон барнагаштааст.  

4.Робита бо ташкилоти «Амороти Қафқоз». Яке аз шарикони  асосии ҲНИ ҳаракати террористии чеченҳою доғистониҳо бо номи «Амороти Қафқоз» буд. Дар тамоми даврони фаъолияташ ҳизби наҳзат бо террористони шинохтаи чеченӣ Шомил Басаев, Хаттаб, Умар Докуев ва ғайра дар робита буд. Шомил Басаев ва Хаттаб борҳо ба шимоли Афғонистон омада, моҳҳо меҳмони наҳзатиён буданд. Онҳо баъзе амалиёти муштаракро бо наҳзатиён амалӣ мекарданд.

Зери роҳбарии террористи байналмиллалӣ - Хаттаб, ки аз қумондонҳои ифротгароёни Чеченистон ба ҳисоб мерафт, моҳи июни соли 1993 аз ҷониби ҷангиёни наҳзатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона аз ҳудуди Афғонистон ба заставаи 12-уми марзбонони Россия, ки дар яке аз мавзеъҳои ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буд, сурат гирифт, ки дар он даҳҳо нафар аз марзбонон ҷон бохтанд.

20.09.1998 бошад, ҳангоми ғорат кардани хонаи зани қаҳрамони тоҷик Сайлӣ Раҳмонова дар деҳаи Дувонаи ноҳияи Ҷиргатол, дар сафи наҳзатиён чанд нафар зархаридони хориҷӣ, аз ҷумла ифротгароён аз минтақаи Чеченистони Федератсияи Россия, ки дар сафи наҳзатиён меҷангиданд, иштирок намудаанд.

Шахси робити наҳзат бо террористони қафқозӣ яке аз афроди наздиктарини С.А.Нурӣ Шамсиддин Саидов буд. Ӯ бо ҳамкории шабакаи  террористӣ ва ҷиноии қафқозӣ интиқоли пул, силоҳ, маводи мухаддир ва ҷангандагонро байни Россия ва Афғонистон таъмин мекард. Ш.Саидов ҳоло ҳам дар Аврупо бо боқимондаҳои ҳаракати террористии чеченҳо робитаҳои наздиктарин дорад.

5.Робита бо Ҳизби исломии Афғонистон. Пайванди ҲНИ бо яке аз собиқадортарин гурӯҳҳои террористӣ - Ҳизби исломии Афғонистон бо роҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр низ бисёр дерина аст. Намояндагони ин ду ташкилот ҳанӯз охири солҳои 80-ум бо ҳам робита дошта, ҳатто соли 1990 ду намояндаи ин ҳизб, шаҳрвандони Афғонистон - Абдураҳим валади Хоркаш ва Давлатмад валади Рустамро аз минтақаи Кӯлоб дастгир карданд, ки онҳо аз Ҳизби исломии Афғонистон супориш гирифта буданд, ки бо роҳи пинҳонкорӣ бо наҳзатиёни тоҷик гурӯҳҳои террористӣ созмон дода, амалҳои душманонаро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна анҷом диҳанд. Номбурдаҳо баъди пурра тасдиқ гардидани гуноҳашон аз тарафи мақомоти судӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Робитаҳои ҲНИ бо ин ҳизби ифротии зиддитоҷикӣ имрӯз ҳам идома доранд. Моҳи марти соли 2017 узви Раёсати Олии ТЭТ ҲНИ Саидов Шамсиддин бо намояндагони “Ҳизби исломии Афғонистон” дар шаҳри Ҳамбурги ҶФ Олмон мулоқот дошт. Намояндагони ҳизби мазкур дар шаҳрҳои калони Олмон, бахусус дар шаҳри Ҳамбург ба тиҷорати биринҷ машғул буда, аз Покистон садҳо ҳазор тонна биринҷро ба кишвари Олмон ворид мекунанд. Намояндагони “Ҳизби исломии Афғонистон” ваъда доданд, ки барои Ш.Саидов ва дигар аъзои ҲНИ кумаки молиявӣ мерасонанд. То имрӯз баъзе аз ин кумакҳо ба таври муназзам мерасад.

Маълумотҳо вуҷуд доранд, ки ҳизби ҳарбию террористӣ дар бахшҳои шимолии Афғонистон баъзе ҷангандаҳои наҳзатро таълим ва интиқол диҳад. 

6.Робита бо ҲАМОС. ТЭТ ҲНИ ҳатто бо ташкилоти террористии “ҲАМОС”-и Фаластин низ ҳамкориҳои наздик барқарор кардааст. Робитаҳои онҳо собиқадор буда, худи М.Кабирӣ бо роҳбари онвақтаи ҲАМОС Холид Машъал ҳанӯз дар замони фаъолияти расмӣ доштани ТЭТ ҲНИ борҳо мулоқот карда, аз тариқи ӯ ба доираҳои ифротии ҷаҳони араб ва спонсорҳои арабӣ роҳ меҷуст.

 Пайванди ТЭТ ҲНИ бо ҲАМОС имрӯз ҳам идома дорад. Масалан, 4 апрели соли 2017 узви фаъоли ТЭТ ҲНИ Бобоҷони Қаюмзод дар шаҳри Истанбул бо яке аз роҳбарони ташкилоти террористии “ҲАМОС” Холид Машъал вохӯрии пинҳонӣ анҷом дод.

7.Робита бо ҳизбҳои ифротии Туркия. ҲНИ бо ҳаракати ифротгароёни туркӣ, ки дар имрӯз фаъолияташ дар қаламрави Туркия манъ аст, робитаи наздик дорад. Масалан, ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон, роҳбарони ТЭТ ҲНИ бо Ҳизби исломии “Саодат” робитаи наздик барқарор карданд ва ин ҳизб гурӯҳи мушовиронро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи интихоботии ҲНИ сафарбар намуда буд.

Акнун фаъолони ҲНИ робитаҳоро бо ташкилотҳои ифротии туркӣ аз нав барқарор кардаанд. Сухангӯи ТЭТ ҲНИ Файзраҳмонов Маҳмудҷон бо яке аз сиёсатмадорони ифротгарои Туркия Умар Форуқ Коркмаз робитаи наздик дошта, имкониятҳои ӯро дар роҳандозии фаъолияти тахрибкоронаи худ бар зидди манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад.

ТЭТ ҲНИ аз созмони туркии Islamische Gemeinschaft Milli Görüş (Ҷамъияти исломии “Афкори миллӣ”) дар Олмон низ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ мегирад. Ин ташкилот соли 2012 хароҷоти ҷарроҳии дили узви Раёсати ТЭТ ҲНИ Ғаниев Маҳмадсаидро дар Туркия пардохт намуда буд. Бо маблағгузории ин ташкилот писарони ӯ Нуриддин Ризоӣ дар яке аз донишгоҳҳои Кувайт ва Ғаниев Сироҷиддин дар донишгоҳи Газиантепи Туркия таҳсил намудаанд.

ҲНИ бо масъулини Ҳизби манъшудаи ифротии “Саодат”, ки дар Олмон қарор доранд, ҳамкорӣ ва иртиботи зичро ба роҳ мондааст. Гарчи мақомоти расмии Туркия пайравони ТЭТ ҲНИ-ро аз қаламрави кишвари худ ихроҷ кардаанд, аммо наҳзатиён бо ташкилотҳои экстремистии мухолифи давлати Туркия ҳамкориро идома медиҳанд.

8.Робита бо Сипоҳи посдорон.  Аммо наздиктарин робитаи ТЭТ ҲНИ маҳз бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон будааст ва мебошад. Бо ташкилоте, ки ҳамеша бо фаъолиятҳои террористӣ машғул буд ва ахиран аз тарафи як қатор давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ҳамчун ташкилоти террористии байналхалқӣ эътироф шуд. Ҳамкории наҳзат бо Сипоҳ достони дарозест. Бинобар ин, фақат чанд нуктаи мушахахси он зикр мешавад:

-Сипоҳи посдорон ҳануз дар солҳои аввали истиқлолият бо ТЭТ ҲНИ робита барқарор намуда, дар гирдиҳамоиҳою бетартибиҳои солҳои 1991-1992 ва талоши ба даст овардани қудрати сиёсӣ мушовири асосии наҳзатиён буд. Нигаред ба нишондодҳои даҳҳо шоҳиди он давра, аз ҷумла Мавлавӣ Абдураҳим Каримов, ки борҳо чоп шудаанд; 

 -Сипоҳи посдорон замони дар Афғонистон будани наҳзатиён онҳоро бо силоҳ ва пул пурра таъмин намуда, ба онҳо машқи ҳарбӣ медод. Дар ин давра ҳудуди 1500 нафар наҳзатӣ дар лагерҳои ҳарбии дохили Эрон ва ҳудуди 5000 нафар дар 18 лагери Сипоҳ дар худи Афғонистон таълими ҷангӣ гирифтаанд. Дар ин бора садҳо далел, аз ҷумла ёддоштҳои муовини ташкилоти амниятии худи ҲНИ А.Сиёҳаков ба таври дақиқ шаҳодат медиҳанд;

-Сипоҳ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ С.А.Нурӣ ва оилаи ӯро дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон пурра зери сарпарастӣ гирифта, зиндагӣ, хона ва амнияти ӯро пурра таъмин менамуд. Ҳоло ҳам оилаи С.А.Нурӣ дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва аз тарафи Сипоҳ таъмин мешавад;

-Сипоҳ пас аз сулҳ низ барои ба сари қудрат омадани ТЭТ ҲНИ кумаки моддию сиёсиро идома дод. Нишондоҳои маҳкумшудагони ҲНИ, аз ҷумла З.Раҳмонӣ, В.Қосиддинов ва дигарон садҳо чунин мавридро исбот мекунанд;

-Сипоҳ пас аз соли 2015, яъне пас аз расман террористӣ эълон шудани ТЭТ ҲНИ, робита бо ин ҳизбро идома дод. Тамоми хароҷоти истиқомати роҳбарияти наҳзат дар Эрону Аврупо ва сафару чорабиниҳои онҳоро имрӯз ҳам Сипоҳ пардохт мекунад. Ҳоло Сипоҳ дар лагерҳои террористии Арок, Мозандарон ва Бумеҳан ҷангиёни наҳзатиро таълимоти террористӣ дода, баро ташкили норомӣ дар Тоҷикистн омода месозад. Шоҳидии худи роҳбарони собиқи ин ҳизб Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Домулло Айёмиддин Сатторов ва даҳҳои узви аз ин лагерҳо баргаштаи наҳзат дар ин бора дигар ягон ҷойи шакке намондаанд… 

9. Решапайванди ТЭТ ҲНИ бо «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон». Дар ин миён пайванду робитаи Ҳизби наҳзати исломӣ бо ташкилоти террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» хеле амиқтар аст, зеро ин ду ташкилоти террористӣ ба маънои ҳақиқии калима бо ҳам омехта мебошанд. Ба ибораи дигар, ҲИУ аз батни ТЭТ ҲНИ таваллуд шудааст. 

Пайванди ин ду ташкилоти террористӣ собиқаи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз тобистони соли 1992 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш, ки ҲНИ мардумро қатли ом мекард, 120 нафар намояндагони исломиёни ифротӣ аз Ӯзбекистон меҷангиданд, ки ба онҳо Тоҳир  Юлдошев роҳбарӣ менамуд. Ситоди онҳо дар масҷиди деҳаи Андрееви ноҳияи Вахши Тоҷикистон ҷойгир шуда буд. Маҳз дар ҳамин ҷангҳо фармондеҳи ифротгароёни ӯзбек Холид ба ҳалокат расид, ки наҳзатиён ӯро бо эҳтиром дар ноҳияи Ҷиргатол ҷаноза ва дафн карданд.

Дар ҷабҳаи ҲНИ дар ноҳияи Тавилдара бошад, аз рӯзҳои нахустин ҷанги дохилии Тоҷикистон то соли 1997 яке аз бахшҳои артиши наҳзатро террористи машҳури байналмилалӣ, фармондеҳи низомии разамндагони узбек Ҷумъа Ҳоҷиев, бо лақаби «Ҷумъаи Намангонӣ» роҳбарӣ мекард.

Яке аз амалҳои нангини наҳзатиён ба зархаридону террористони хориҷӣ пешниҳод кардани духтарони ноболиғи тоҷик буд, ки аз деҳаҳо ба зӯрӣ ҷамъоварӣ карда, ба ситоди ҲНИ оварда мешуданд. Масалан, наҳзатиҳо ба зархариди хориҷӣ Ҷумъаи Намангонӣ аввал дар Ғарм, пас дар Тавилдара ва ниҳоят дар дараи Язғулом духтарони ноболиғи тоҷикро оварда тақдим карданд. Ҳамон духтари язғуломиро Ҷ.Намангонӣ бо худ гирифта ба Афғонистон ва Покистон бурда буд. Наҳзатиҳо бошад, ин террористи байналхалқиро, ки духтари ноболиғи тоҷикро гирифта буд, бешармона «язна» мегуфтанд.

Солҳои 1994-1996 роҳбарони гурӯҳҳои террористии узбек Т.Юлдошев ва Ҷ.Намангонӣ аз наздикони С.А.Нурӣ ба ҳисоб рафта, Т.Юлдошев дар қароргоҳи наҳзат дар шаҳри Толиқони Афғонистон меистод.

Бо зиёд гардидани сафи ҷангандагони ӯзбек, тобистони соли 1998 дар деҳаи Беги Сиёҳи минтақаи Ҳоити ноҳияи Ғарм бо фотиҳаи С.А.Нурӣ дар маросими махсус ташкилоти нави террористӣ «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон»-ро таъсис намуд. Ҳамин тавр, аз батни ҲНИ ҳаракати мудҳиши террористии ҲИӮ тавлид шуд.

Соли 1999 нерӯҳои ҲИӮ аз самти Ҳоит ба воситаи ағбаи Зардолу, аз самти Тандиқул ба минтақаи Хоҷаачкани вилояти Боткент дохил гардиданд ва мақсади ворид шудан ба ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистонро доштанд. Ҷангҳои шадид се моҳ идома карданд. Аммо ба нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон муяссар шуд, ки  қувваҳои ҲИӮ-ро аз минтақаи Ҳоиту Ҷиргатол ба минтқаи Вахё  танг намоянд. Ниҳоят, бо кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон аз 27 то 31 декабри соли 2001 нерӯҳои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз минтақаи Миёнадуи ноҳияи Тавилдара ба шаҳри Қундузи Ҷумҳурии Афғонистон интиқол дода шуда, минтақа аз як хатари бузурги дигар  наҷот дода шуд.

10.Решапайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳи террористии «Ансоруллоҳ». Гурӯҳи террористии «Ансоруллоҳ», ки имрӯз дар ҳудуди Афғонистон ҷангандагони ва терористонро аз ҳисоби  зодагони Тоҷикистон ҷамъ кардааст, дар асл шохаи низомии ТЭТ ҲНИ мебошад. Вақте ТЭТ ҲНИ ба раванди сулҳ ҳамроҳ шуд, як қисми нерӯҳои ҳарбии худро дар Афғонистон боқӣ монда, яке аз роҳбарони наҳзат Амриддин Табаровро (бо лақаби Мулло Амриддин) роҳбари онҳо таъйин намуд. Гурӯҳи мулло Амриддин, ки баъдан номи «Ансоруллоҳ»-ро ба худ гирифт, муддатҳо дар минтақаҳои  Вазиристони Покистон ва сипас дар худуди Афғонистон ба фаъолиятҳои террористӣ машғул буд. Солҳои охир террористони ин ҳаракат дар сафи гурӯҳҳои «Толибон» ва «ДОИШ» дар Афғонистон фаъолона меҷанганд.

Солҳои 2009-2010 аъзои гурӯҳи наҳзатии «Ансоруллоҳ» барои дар минатқаи Рашт ба вуҷуд овардани пойгоҳҳои худ баъзе талошҳо карданд, аммо онҳо аз тарафи нерӯҳои давлатӣ ва мардуми маҳаллӣ қотеона саркуб шуданд.

Ҳамин тавр, «Ансоруллоҳ» қисми аз назари ҳарби пурра мусаллаҳ ва таҷрибадори ҷангии ТЭТ ҲНИТ буда, ҳамкории наздики он бо «Ал-қоида», «Толибон» ва «ДОИШ» далели дигари ҳамкорию пайвастагии ТЭТ ҲНИТ бо ин ҳаракатҳои террористии байналхалқӣ аст.    

11.Робитаи ТЭТ ҲНИ бо «ДОИШ». Робитаи Ҳизби наҳзати исломӣ бо ташкилоти террористии байналхалқии ба ном «Давлати исломӣ» як достони калон аст. Зеро ин наҳзат бо ДОИШ ду хел пайвастагӣ дорад. Пайванди маънавию идеологӣ ва робитаи сохторию низомӣ. Агар корномаи ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистонро бо фаъолияти даҳшатноки ДОИШ дар Ироқу Сурия муқоиса кунем, садҳо мавриди монандии фикру ақида ва тарзи фаъолияти ин ду ташкилотро мебинем. Агар солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ДОИШ ба ҳайрат омада бошад, ҷиноятҳои ТЭТ ҲНИТ аз онҳо ягон камӣ надоранд. Дар ҳақиқат ҲНИ низ ҳамон ДОИШ асту ДОИШ ҳамон ҲНИ.

Наҳзатиён дар солҳои 1992-2000 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт “ДОИШ”-и худро татбиқ карда, низоми шадиди золимонаи худро ҷорӣ намуда, дар баъзе масъалаҳо аз ДОИШ ҳам даҳшатноктар буданд. Муносибати ҷинояткоронаи ТЭТ ҲНИ нисбат ба аҳолии осоишта, аҳли илму фарҳанг, аҳли ҳунар, занону духтарон, молу амволи мардум ва зерсохторҳои кишвар аз ДОИШ ҳеҷ камӣ надошт.

Аммо далелу рақамҳои охир нишон доданд, ки илова бар  ҳамфикрӣ, байни ин ду созмон ҳамкории наздик низ ҷой дорад. Масалан, фармоишгари террори сайёҳони хориҷӣ Носирхӯҷа Убайдов (“Қорӣ Носир”) узви фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, ҳоло бо намонядагони ДОИШ дар Афғонистон ҳамкории бевосита дорад. Узви фаъоли дигари ҲНИ Ҳусейн Абдусамадов, ки роҳбари амали террористӣ зидди саёҳони хориҷӣ буд, дар солҳои 2014-2017 се бор аз тариқи Эрон ва Афғонистон ба омӯзишҳои террористӣ рафта, ҳам дар сафи ДОИШ дар Сурия ва ҳам дар лагери ДОИШ дар минтақаи Ачини вилояти Нангарҳори Афғонистон омӯзиши террористӣ  дидааст. Ҳамин ҳолат, яъне узви ҲНИ будан, ба воситаи ҶИ Эрон се бор ба Сурия ва Афғонистон сафар кардан, дар лагерҳои ДОИШ се бор таълимот дидани як шахс ва ҳоло дар шаҳри Хоши ҶИ Эрон зиндагӣ кардани супоришдиҳандаи наҳзатӣ-доишии ин амалиёт, худ исботи “зи як гавҳар” ва “аъзои якдигар” будани наҳзатиёну доишиёну сипоҳиён мебошад. Умуман, солҳои 2016-2019 дар бораи иштироки аъзои наҳзат дар сафҳои ДОИШ ва интиқоли наҳзатиён ба лагерҳои ДОИШ дар Афғонистон даҳҳои факту рақами мушаххас ба даст омадааст, ки бештари онҳо дастраси  хонандагон мебошанд.

                                                        ***

Гарчи худи таъсиси ҳизби наҳзат ва тамоми фаъолияту амалиёти он аз тарафи доираҳои махсуси хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, илова бар ин, дар давраи ҷанги шаҳрвнадӣ дар сафи ҷангиёни ҲНИ зархаридони хориҷӣ аз ташкилотҳои байналмилалии террористӣ хеле зиёд буданд. Маълумотҳои яқин нишон медиҳанд, ки даҳҳо нафар зархариди хориҷӣ, ки дар байни онҳо афғонҳо, покистониҳо, ӯзбекҳо, русҳо, амрикоиҳо, франсузҳо ва махсусан арабҳо ҷой доштанд, дар зулму бедодиҳои лашкариёни ҲНИ дар Тоҷикистон бевосита иштирок намудаанд. Ин зархаридҳо, ки аксари онҳо мактаби ҷанги Афғонистонро гузашта буданд, таҷрибаи калони қатлу куштору ғоратро доштанд, ки мутаассифона, бо мусоидати наҳзатиҳо, нисбат ба аҳолии Тоҷикистон низ амалӣ карда шуд. Аз ин рӯ, баъзе ҷиноятҳои даҳшатноке, ки ҷангиёни ҲНИ дар солҳои 1992-1998 дар ноҳияҳои водии Рашт анҷом додаанд, маҳз бо маслиҳати ин устодони хориҷии дар ин корҳо бисёр ботаҷрибаашон амалӣ намудаанд.

Масалан, 11-уми феврали соли 1996 корвони мошинҳои ҳарбӣ, ки барои сарбозон ба ноҳияи Тавилдара маводи хӯрока мебурданд, мавриди ҳамлаи наҳзат қарор гирифт. Нақшаи ин амалиётро террористи афғон бо номи Абдурауф, ки бо лақаби «Муаллим» машҳур буд, таҳия намуд. «Муаллим» дар дараи Камароб ба ҷангиёни ҳизби наҳзат таълими ҳарбӣ дода, ба онҳо амалҳои террористие, чун ҷанги чирикӣ дар шароити кӯҳистон, ҳуҷуми ногаҳонӣ, сохтани маводи тарканда ва минагузориро меомӯзонд

Моҳи августи соли 1994 гурӯҳи ҷангандагони наҳзатӣ ба қисми низомии 06006 дар минтақаи Чилдара ҳуҷум карданд. Сарбозони ин қисм ҷавобан оташ кушода, қариб даҳ нафар ҷангиёни ҲНИ-ро куштанд. Дар байни онҳо 5 нафар арабу зангӣ низ буд. Наҳзатиён ҷасадҳои онҳоро ба харҳо бор карда, мантақаи Чилдараро тарк карданд.

20-уми май то 30 октябри соли 1994 зархаридони хориҷӣ дар ҳуҷум ба ноҳияи Тавилдара дар сафи наҳзатиён иштирок доштанд. Фақат дар  гурӯҳи «Фотеҳ» 25 нафар арабу ҳабашҳо фаъолият доштанд. 

                                               ***

Ҳамин тавр, ҳоло бигӯед, ки боз кадом ташкилоти террористие боқӣ мондааст, ки ТЭТ ҲНИ бо он робита ва ҳамкорӣ надошта бошад? Бинобар ин, моҳияти террористӣ доштани Ҳизби наҳзати исломӣ, робитаи он бо ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва ҷузъи таркибии шабакаи террористии ҷаҳонӣ будани он ягон ҷои шубҳа надорад. Дар чунин ҳолат, талошҳои мубаллиғони наҳзатӣ барои пинҳон доштани ин ҳақиқат на танҳо шармовар, балки соддалавҳона мебошад. Талошҳое, ки шояд барои таскини худашон муфид бошад, аммо барои рӯпӯш кардани ин ҳақиқати таърихӣ дигар таъсире нахоҳанд дошт… Яъне, Ҳизби наҳзати исломӣ на танҳо ташкилоти экстремистию террористӣ, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаракати террористии байналхалқӣ аст. Ин ҳақиқат ягон ҷои шакке надорад!

Фирӯз Раҳмониён, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-06-2019, 22:19:47 | Диданд: 26