МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

НАҲЗАТИ НАҲС (қиссаи як ҷавонписари Вахшӣ, ки аз миёни 26 нафари аз ҷониби ҲНИ қатлшуда зинда мондааст..)

НАҲЗАТИ НАҲС (қиссаи як ҷавонписари Вахшӣ, ки аз миёни 26 нафари аз ҷониби ҲНИ  қатлшуда зинда мондааст..)

НАҲЗАТИ НАҲС

(қиссаи як ҷавонписари Вахшӣ, ки аз миёни 26 нафари аз ҷониби ҲНИ  қатлшуда зинда мондааст..)

                                                                  

..Чун маро аз мошин поин партофта буданд, боз илтиҷо кардам, ки додарамро накушед. Маро сар буреду ӯро ҷавоб диҳед.. Лек, бар қасди гуфтаҳоям як нохалаф додарамро пеш оварду бо изтеҳзо ва дар пеши чашмам ба сараш 3 тир холӣ кард. То замони ба қатл расиданаш додарам фурсате ёфту «дидорҳо ба қиёмат ака» гуфт, хоҳиш кард, ки ба ҷои падару модар «пиҳил»-аш кунам, аз «гуноҳ»-ҳои кардааш гузарам ва бо чашмони пуробу ноумед суям нигариста «ман ҳамаи шуморо дуст медорам»  гуфт..

 

Пас аз мусоҳиба бо собиқ ҷонишини сардори ШВКД дар н.Вахш Ҳабибулло Абдуллоев, ки аз саргузашти талх ва гушношунидаш зимни дар асорати наҳзатиёни ваҳшӣ дар ҳаммоми «Туркманистон»-и н.Вахш қарор доштанаш нақл карда буд, банда тасмим гирифтам ки ин қазияро пайгирӣ намуда, шоҳидони ҳол ва ё асирони зиндамондаро ҷустуҷӯ намоям.

Мавзӯи ҷолибе, ки ҳамсӯҳбати мо нақл карда буд, дастгир ва ба таври ваҳшиёна қатл гардидани беш аз 26 нафар ҷавонони бегуноҳи деҳаи Кирови н.Вахш аз ҷониби наҳзатиён ба ҳисоб мерафт. Тибқи нақли ӯ, аз он 26 нафари ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидашуда танҳо 1 нафар бо амри тасодуф ҷон ба саломат бурда, аз чанголи ин ваҳшисиратон фирор кардааст.

Ба худ қавл додаам, ки бо ҳар роҳе, ки набошад, бояд ӯро пайдо кунам ва аз забони худи ӯ ин ҳодисаро пурсон шавам. Пайдо кардани ин нафар ба ман он қадар мушкил набуд, зеро аксарияти сокинони гирду атрофи ноҳияҳои Вахшу Кушониён ин ҳодисаро хуб дар ёд доштаанд.

Инак, баъди андаке ман ду нафар шоҳидони ҳоли он ҳодисаи хунинро пайдо кардам: Ҳусейнов Ибодулло – нафаре, ки бо лутфи Худованд зинда монд ва Салим- қотиле, ки фирефтаи наҳзатиҳо гашта дар чандин амалиёти зиддинсонии ҲНИ бевосита ширкат варзидааст… Ҳардуи онҳо хоҳиши маро пазируфта, барои нақл кардани он рӯзҳои шум розӣ шуанд..

 

Ҳусейнов Ибодулло Маҳмадуллоевич, 13.07.1967, зода ва истиқоматкунандаи ҷ/ш Киров, деҳаи Ленини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 6 фарзанд, муваққатан бекор. 

 

 

Акои Ибодулло, то он ҷое, ки мо медонем Шумо шоҳиди бевоситаи оғози ҷанги шаҳрвандӣ будед ва аввалин захмҳои ин ҷанги хуношомро дар бадани худ эҳсос кардаед. Мехостам андешаҳоятонро оиди сабабу омилҳои асосии оғози ҷанги бародаркӯш дар ноҳияи Вахш шунавам.

Моҳи апрели соли 1992 баъди пароканда гардидани гирдиҳамоии осоиштаи майдони «Озодӣ»-и  шаҳри Душанбе, аз Ҳизби наҳзати ислом бо дастури хоҷагони хориҷияш марҳалаи наверо бо номи «поксозӣ» оғоз намуд.  Охирҳои моҳи майи соли 1992 бо супориш ва дастури махсуси муасис ва роҳбари идеологии  ҲНИ С.А.Нурӣ дар ноҳияи Вахш, аниқтараш дар собиқ совхози Туркманистон дар ҳайати Ноибов Воҳид, сокини учаскаи Навободи ҳамин совхоз, ки минбаъд ҳамчун сардори дастаи мусаллаҳ фаъолият дошт,  сокинони шуъбаи №2 собиқ совхози Кирови н.Вахш Раҳматулоев Салим, Раҳматулоев Раҳим, Ҷононов Аваз, Бойманов Бурӣ, Раҳматулоев Хасан ва дигарон  дастаи муташакили ҷиноӣ созмон ёфта буд.

Ин гуруҳи муташакил дар баробари дигар гуруҳҳои мусаллаҳи ҲНИ барои қатлу куштори мардуми бегуноҳе, ки ба ақидаҳои фундаменталистии С.А.Нурӣ мухолифат доштанд, бо мақсади талаву тороҷи корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон таъсис ёфта  буд. Аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ воситаҳои нақлиёт ва дигар лавозимотҳои техникиро ғорат мекарданд. Абдуллои Нурӣ, ки солҳои зиёд дар қалби нопокаш орзӯи ғасби давлат ва қудрати сиёсии кишварро мепарвариду, нияти барпо кардани «Давлати исломӣ»-ро дошт, тадриҷан мехост ақоиди мазҳаби шиаро ба мардуми суннитабор маҷбуран таҳмил кунад. Нурӣ саводи кофии сиёсӣ надошт ва донишу фаҳмиши андухтаи ӯ танҳо дар доираи таълимоти мазҳаби шиагароӣ ва иҷрои бечуну чарои  супоришҳои хоҷагону устодони хориҷиаш маҳдуд буд. Бинобар ин, ӯ барои як муддати муайян аз идоракунии ҳукумат худдорӣ намуда буд. Вагарна Ҳукумати бесалоҳияти бо ном муросои миллӣ ҳукумати таъсисдодаи худи Абдуллои Нурӣ буд ва ӯ метавонист роҳбарии расмии онро ба ӯҳдаи хеш гирад. Вале чун  медонист, ки ҳукумати таъсисдодаи ӯро зиёда аз 95 фоизи аҳолии кишвар мардум эътироф намекунад, ӯ аз идораи он он даст кашид.

Ягона роҳи ҳалли масъаларо дар решакан кардани мардуми саркаши «кулобӣ» медид, ки мухолифи ақидаҳои ӯ буданд ва аз сохти дунявият ва конститутсионии давлат арҷ мегузоштанд. Яъне ба монанди муридони ӯ хурофотӣ набуданд.

Ҳамин буд, ки А.Нурӣ бо фатвоҳои худ аксарияти мардуми кулобиро «кофир» эълон намуд ва ба диверсантҳои худ амру фармонҳои ҷисман нест кардани ин қишри нофармонро дода буд. Дастаҳои хуношоми бо яроқу аслиҳа мусаллаҳ ҷиҳати иҷроиши супоришҳои А.Нурӣ мунтазам ба хонаҳои мардум ҳуҷум оварда, одамонро асир мегирифтанд, молу амволи онҳоро ғорат менамуданд. Ба андешаи ман ҳамаи ҳолатҳои зикргардида сабабҳои асосии сар задани ҷангӣ бародаркӯш дар ноҳия Вахш   буд.    

Бародари азиз, аз суҳбат бо Ҳабибулло Абдуллоев ном шахс воқиф гашта будем, ки тобистони соли 1992 боевикҳои наҳзатӣ Шумо ва 25-нафар ҷавонони деҳаи Кировро гаравгон гирифта, ба ҳаммоми овозадори «Туркманистон» бурдаанд. Баъд чӣ шуд?

Гарчанде аз он рузҳои мудҳиши ба сарам омада 26-сол сипарӣ гашта бошад ҳам, бори дигар ёдовар шудани нақл кардани он рӯзҳои даҳшатбор хеле бароям душвор аст (баъди ин суол ашки чашмони ҳамсӯҳбат рехт, дастонаш ба ларза даромад ва бо гиря нақлро оғоз кард). Тахминан 29 ё 30 июни соли 1992  ба деҳаи мо Давлат Худойназаров бо ҳамроҳии «боевик»-ҳои А.Нурӣ, ҳамдеҳаам- Салим Раҳматулоев омада, ба мардум гуфтанд, ки аз ҳамин рӯз иборат байни шумо сулҳ барқарор карда шудааст ва аз ин пас бо ҳамдигар муноқиша накарда, дӯстона зиндагӣ кунед. Мардуми деҳа ба  суханҳои онҳо бовар карда, аз он шод гаштанд, ки акнун пеши роҳи хунрезиҳо гирифта мешавад.

Вале бехабар аз аҳдшикании хиёнаткорона, гуруҳҳои мусаллаҳи А.Нурӣ, баъд аз 2-3 рӯз, санаи 2-юми июл бо супориши сардори даста Ноибов Воҳид (то ҳол ягон ҷазое нагирифтааст ва пушаймон ҳам нагаштааст!!), ки бевосита аз худи С.А.Нурӣ дастур гирифта буд, як гуруҳи хунхор вориди деҳа мешавад. Ин гуруҳи бо яроқу аслиҳа мусаллаҳро Раҳматулоев Салим идора мекард ва Раҳматулоев Раҳим, Раҳматулоев Ҳасан ,Ҷононов Аваз, Бойматов Бури ва дигарон ҳудуди тақрибан 100 нафар ки шомили ин гуруҳ буданд, савори воситаҳои нақлиёти сабукраву боркаш бо мақсади  қатли оми мардуми кулобитабор ба шуъбаи №2-и совхози Кирови н.Вахш ҳуҷум намуданд.

Дастаи ҷиноӣ ба касе раҳму шафқат надошт ва ҳатто роҳгузарони корафтодаро низ асир гирифта ба қатл мерасонд. Дар роҳ, ҳангоми ҳаракат ба самти шуъбаи №2 совхози Киров ин дастаи мусалаҳ Хоҷаёров Иброҳим, ки бо  мошини худ ба аёдати модари пиру бемораш ба н.Кушониён (собиқ Бохтар) мерафт, дарафтода, ӯро дастгир мекунанд, мурданивор мезананд ва гаравгон мегиранд. Ин нафарони хунмаст аз ҳар як сайди бадастовардаашон болида гашта, кирдорҳояшонро идома медоданд.

Фасли гармои тобистон, баъди намози пешин чун одати ҳамешагӣ мо (Аҳмад Умурзоқов, Саймуддин Ҷураев, бародарон Фатҳуллоҳ ва Сафаралӣ Гашевҳо, Давлат Исматов, Тоҳир Расулов, Мируллоҳ Ҳусайнов, Муқим Қандақов, Ҳоким Назаров, Мардон Ҷалилов, Неъматуллоҳ Қодиров, Шамсиддин Абдураҳимов, Юсуф Солиҳов, бародарон Зубайдуллоҳ ва Усмонқул Файзулоевҳо, Бобоҷон Иброҳимов, Сафарали Ҳафизов, Али Пирумқулов, Генат Артамонов) ҳама каса зери дарахтони чанорҳои чорроҳа деҳа ҷамъ омада, сӯҳбат мекардем. Ногаҳ аз дур мошини боркаше падидор гашт ва назди мо қарор дод. Аз болои мошин 2-3 нафар  ришдори мусаллаҳ бо таҳдиди куштан ҳамаи моро лату куб карда, ба автомашинаи ГАЗ-53 савор карданд.

Дар ҳамин асно ногаҳон ба  ҷои ҳодиса инспектори калони милитсия Абдуғафор Шарофуддинов савори нақлиёти хизматии худ (ВАЗ-21063 рақами давлатиаш 15-15 ТДА) ҳозир шуда, аз автомашинаи хизматиаш берун фаромад ва аз силоҳбадастони шӯрида хоҳиш намуд, ки ба чунин аъмол даст назананд. Зеро, «ҳамаи мо як миллату аз як маҳаллаем...», инро гуфту ба ду пой афтода илтиҷо кард, ки ҷавононро раҳо кунед. Вале каллабурони хунмасти С.А.Нурӣ - Қосим Маҳмудов, Раҳим Раҳматулоев ва ду шахси дигар, ба худи ӯ ҳамла намуданд. Қосим дастони Шарофуддиновро тоб дода, ҳамроҳ бо он ду шахси силоҳдор ӯро мурданивор зада, ба автомашинаи ГАЗ-53 бор карданд. Раҳим бошад ба сари чамбараки автомашинаи хизматии Шарофуддинов нишаста, онро ба ҳаммоми «Туркманистон» бурд. Ҷононов Аваз  «ГАЗ-53»-ро ба кор дароварда,  аз думболи Раҳим гаравгононро рост ба ҳамоми «Туркманистон» бурда. ба садори даста Ноибов Воҳид супурд.

Бойматов Бурӣ  сари чамбараки КАМАЗ нишаста, аъзоёни  дастаи Раҳматулоев Ҳасанро низ аз думболи мо ба суи ҳаммом бурд. Бо дастури Ноибов Воҳид, Раҳматуллоев Р., Ҷононов А. ва дигар ваҳшиёни одамсурати наҳзатӣ ҳамаи моро аз мошини боркаш поин фароварда, мурданивор куфтанд, сипас ба ҳуҷраҳои оббозикунии тару намноку торик дароварда, азобу шиканҷаро идома доданд. Моро зада-зада ба ҳамом  дароварданд ва дар ҳуҷраҳо тақсим карданд. Ману муаллим Аҳмад Умурзоқовро дар як ҳуҷраи намнок, ки фаршу деворҳои он аз хун сурх шуда буд, ҷойгир намуданд. Ба назди мо Раҳим, Ҷамол ва Аваз даромада, бо калтаку оҳан ба сару руй ва баданамон чунон золимонаву бераҳмона заданд, ки… ҳатто фашист ин корро накардааст. Ҳарчанд зориву тавалло мекардем, дастҳояшонро мебусидем, ки азобамон надиҳед, аммо чашмони бо хун печидаи онҳо, гушҳои каргаштаи он нохалафон ин ҳамаро на медиду на мешунид…  Фақат бо исрор мегуфтанд, ки «қатли шумо -кулобиҳои кофир аз кудаки дар гаҳворабуда то пири барҷомондаатон фарз аст»...

Он қотилони ваҳшисирату девсурати ҲНИТ он қадар Худоро фаромуш карда буданд, ки омода буданд гушти бадани моро бихуранд. Ҳарчанд мақсадашон қатли ҳамаи мо буд, лек то дами марг, то сер шуданашон устухонҳои бадан, дасту пову гушу бинӣ ва сару миёни моро шикастанд. Дар ҳолати шоки психологӣ  тамоми ҳиссиётамон гум шуда буд, зеро дигар лату куби онҳоро ҳис намекардем.. Як андеша кунед, тули 4-5 соат  аз замони боздошт то дами қатл беист ва бо тамоми бераҳмиву ваҳшоният моро задаанд…

 

Бубахшед, наход ягон нафаре пайдо нашуд, ки ба ҳоли Шумо раҳм кунад?

Не, пайдо нашуд! Нолаву фиғон ва  садои ҷонкоҳи мо дар фалак мепечид. Аммо дар дили ягон ин нафари ваҳшӣ раҳм пайдо намегардид. Баръакс, аз ҷондиҳии мо илҳом мегирифтанд, «мешукуфтанд» ба ибораи дигар «кайф» мекарданд.. Ногаҳ яке аз он қотилон корди калон дар даст вориди ҳуҷраҳо шуда, ба монанди «муррабӣ»-е, ки кӯдакони боғчаро танбеҳи «гушмол» медиҳад, дашномкунон, гӯшҳои чандин нафарро ба таври ваҳшиёна  бурид (ҳамин лаҳза ҳамсӯҳбат сукут карду дастонаш ба ларза даромад)

Агар мо ин қадр дили онҳоро танг кардаем, молашонро хурдаем, наслашонро куштаем… пас 1 тир пешониамон холӣ кун буду бас!!! Аз куҷо ин табиати аҳриман ботини онҳоро пур аз кин кард, аз куҷо ин қадр нафрат дар қалби онҳо пайдо шуд, то ҳол дарк накардам ва дарк ҳам нахоҳам кард!!!

Амалҳоеро, ки он қотилон нисбати мо анҷом медоданд, ҳатто ваҳшитарин даранда ба ҳамҷинси худ раво намебинад. Раҳматулоев Р. ва Ҷононов А. ин ду аъзои ҳизби наҳзат,  дар бераҳмиву ваҳшоният бесобиқа буданд. Барои ҳамин «далерӣ»-ву «шуҷоатмандӣ» С.А.Нурӣ нисбати онҳо эҳтироми хоса дошт, аз онҳо ҳамчун шогирдони содиқу вафодор ном мебурд. Ин ду шахси ҳайвонтабиати манфуру зишт дар шиканҷадиҳии гаравгонон Умурзоқов А.,  Ҳусейнов М., Солиҳов Ю., Тошов Ф., Назаров Х., Исматов Д., Расулов Т., Ҷураев С., Ҷалилов М., Абдураҳимов Ш., Файзалиев У., Қандақов М.,  Хоҷаёров И.,  Пирумқулов А., Ҳафизов С., Иброҳимов Б., Қодиров Р. ва Бердиев Д. миёни ҳамдигар мусобиқа мекарданд, яъне кадоме бештар дар шиканҷаву азобдиҳӣ усулҳои нав «ихтироъ» мекунад. Онҳо барои дигарон ба қавле «устоди шиканҷадиҳӣ» мансуб меёфтанд. Барои қатлу куштори бераҳмона, ва кафтортабиатӣ ин ду нафар миёни қавми наҳзатиҳо «авторитет» буданд.

 

Шумо гуфтед, ки С.А.Нурӣ ба онҳо эҳтироми хоса дошт. Охир, он ба истилоҳи худи наҳзатиҳо  Нурӣ «чеҳраи нуронӣ» дошт, аз имону шариат ба қавле бохабар буд. Наход ягон чорае надид?

Як андеша боиси изтироби мо мешуд, ки ҳамаи ин хунхориро наҳзатиёни наҳс бо номи «Аллоҳ» анҷом медоданд. «Аллоҳу акбар» гуён чашм мекофтану гуш мебуриданд, «Аллоҳу акбар» гуфта ба фарқи сар бо оҳан мезаданд… Ин чист? Ин кадом таълимот аст? Ин кадом дин аст?

Бешак онҳо гумроҳ шуда буданд, шайтон бар ақлу шуур ва идроки онҳо ғолиб баромада буд, Худо аз онҳо рӯй гардонида  буд…

Ҳамон рӯз тахминан соатҳои 17 Ноибов Воҳид аз  Абдуллои Нурӣ дастур гирифт, ки гаравгонҳоро бурда ба қатл расонанд. Ҷиҳати иҷроиши ин дастур Ноибов Воҳид ба каллабурон - Раҳматулоев Раҳим, Зиёдалӣ ва Икром ном шахсон супориш дод, ки Шарофуддинов А., Қодиров Н. ва Файзулоев З. –ро ба мошини хизматии Шарофуддинов (ВАЗ-21063 р/д 15-15 ТДА) савор карда, ба лаби дарёи собиқ совхози Дружбаи н.Вахш бурда паронанд, ҷасадҳояшонро ба об партоянд ва мошинро оташ зананд.

Қотилони номбаршуда дарҳол аз пайи иҷрои супориш шуда, ин 3 нафарро бо зориҳои зор ба қатл мерасонанд ва мошинро оташ мезананд. Ноибов Воҳид ҷиҳати боварӣ ҳосил намудан дуввумбора ба макони қатл меравад ва мебинад, ки  оҳанпораҳои мошини сухтаистода дар назди соҳил, берун аз об истодааст. Фармон медиҳад, ки онро ба дарё партоянд. Баъд аз ин, ҳамаи онҳо ба ҳаммом бармегарданд.

Миёни онҳо Шамсидин ном шахс, аз ноҳияи Кушониён низ буд. Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ Шамсиддин Саидов- айни ҳол узви Шурои олии ТЭТ ҲНИ буда, дар Аврупо аз «поймолшавии ҳуқуқ»-и аъзоёни наҳзат ҷор мезанад. Дунёра бин.  

Ин ҷо байте аз Хайрандеш ёдам меояд, ки чунин аст:

«Ба гардун гарди раҳ гарданфарозай,

Забони дузду ғар доим дарозай.. »

 

Бале, мутаассифона чунин аст… Ҳоли дигарон чи шуд?

  Худи ҳамон бегоҳ С.А.Нурӣ ба Ноибов Воҳид дастур медиҳад, боқимонда гаравгононро низ ба қатл расонида, ҷасадҳояшонро «обӣ» кунанд. Тахминан соатҳои 18-19 бо супориши Ноибов Воҳид, Раҳматулоев Р., Ҷононов А., Ҷононов Ҷамол, Бойматов Б ва дигар наҳзатиён дастҳои ҳамаи мо (Умурзоқов А, Ҳусейнов М, Солиҳов Ю, Тошов Ф, Назаров Х, Исматов Д, Расулов Т, Ҷураев С, Ҷалилов М, Абдураҳимов Ш, Файзалиев У  Қандақов М)-ро  бо сим, чашмонамонро бо латтаи сиёҳ баста, ба мошини КамАз бор карданд. Не рост истода метавонистему на хоб рафта, зеро тамоми устухону буғумҳои баданамон шикаста буд. Дар болои мошин ба шикам хоб рафта, болои бадани ҳар якамон ин ношустарӯёну худобехабарон рост истода бо лағад мезаданд. Ногаҳ миёну оҳу фиғон овози ягона додарам – Мируллоро шунидаму аъзои баданамро сӯзиш фаро гирифт. Ӯ ҳамагӣ 23 сол дошт. Ҷавони қоматбаланду паҳлавонҷуса буд додарам… То ин дам намедонистам, ки додарам ҳам мисли ман ба даст афтодааст…

Бо шунидани овози додарам аз ҷой кӯшиши хестанро карда, бо чашмону дастони баста ва бо гиряву зорӣ илтиҷо кардам, ки «ягона додаракамро раҳо кунед, зеро мо 2 нафар писарем. Бар ивазаш маро чи тавре ки мехоҳед бикушед, ӯ ҳоло ҷавон аст, бояд ҳамин моҳ хонадораш кунем..». Вале ҳайҳот, ки гӯши ин дарандаҳо маро намешуниданд. Дар посух ин наҳзатиҳои малъун ба баданам 10-15 шатта ва ба сарам 5 бор бо қундоқи автомат заданд. Мо болои КамАз дар ихтиёри Раҳим, Аваз, Ҷамол, Нуруллоҳ ва Ҳусейн қарор доштем ва маҳз ана ҳамин нафарони аз каждум таваллудшудагон моро барои қатл кардан мебурданд.

Баъд аз ним соати ҳаракат, мошин ногаҳ дар ҷояш қарор дод ва ман овози гапзании Раҳим, Ҷамол, Авазу Ҳусейнро шунидам, ки онҳо ҷойи қатли муносиб мекофтанд. Зеро кадоме аз инҳо гуфт, ки «ин ҷой намешавад ба канали бологӣ  рафтан даркор». Сипас, Ҷамол ба ронанда ишора кард, ки «Бури ҳай кун». Ман дарҳол фаҳмидам,  ки ронандаи КамАз Бури Бойматов аст.

Бинобар дуруст набастани латтаи чашм, аз камтарин сурохии он назорат мекардам, ки моро болои купруки дарёи марказӣ, ки аз ҳудуди собиқ  совхози Дружбаи н.Вахш ҷорӣ мешуд, овардаанд. Чун онҷо расидем, ин хунхорҳо як-як моро ба замин мисли халта мепартофтанду, аз фарқи сар парронда ба дарё ҳаво медоданд. Ҷасадҳоро об мебурд. Чун ба навбат мепаронданд, ман наздик ба охирин гаравгон будам, ки маргро интизорӣ мекашидам. Наҳзатиёни аз хун сернашуда силоҳро дар пешонии Қандақов М. гузоштанду 2 тир зананд. Аммо ӯ ба соҳил меафтаду захмӣ мешавад. Шояд чанд дақиқае пас худаш ҷон медод, аммо «муҷоҳид»-и  хунхор Ҷамол Ҷононов саросемавор наздаш омада, дар бадани ӯ чанд тири дигар холӣ карду, сипас ҷасадро ба об партофт.

Чун маро аз мошин поин партофта буданд, боз илтиҷо кардам, ки додарамро накушед. Маро сар буреду ӯро ҷавоб диҳед.. Лек, бар қасди гуфтаҳоям як нохалаф додарамро пеш оварду бо изтеҳзо ва дар пеши чашмам ба сараш 3 тир холӣ кард. То замони ба қатл расиданаш додарам фурсате ёфту «дидорҳо ба қиёмат ака» гуфт, хоҳиш кард, ки ба ҷои падару модар «пиҳил»-аш кунам, аз «гуноҳ»-ҳои кардааш гузарам ва бо чашмони пуробу ноумед суям нигариста «ман ҳамаи шуморо дуст медорам»  гуфт..

 

Ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки кадом ҳиссиёте он замон Шуморо фаро гирифта буд… Хоҳиш мекунам, об нӯшед… Агар имкони идома додани нақлро надошта бошед, сӯҳбатро қатъ мекунем.. 

Не, ман бояд инро мегуфтам, бояд ҳамагон бидонанд, ки наҳзатиҳо кӣ ҳастанду сари мардум чӣ балоеро овардаанд…

..Чун бародари ба ҷону дил баробарамро куштанд, Худованд ба ман як қувваи бузург дод. Тарс аз баданам гум шуд. Худро аз панҷаи ин ҳаромиҳои қотил раҳонидаму аз болои купрук ба об партофтам. Қотилон аз қафои ман тир холи мекарданд, вале хушбахтона маро ба нишон гирифта натавонистанд. Шахсе, ки маро паронданӣ буд, Раҳим Раҳматулоев буд.

Бо хости Худованду амри тақдир, шояд барои ошкор намудани ҷиноятҳои гушношуниди наҳзатиён, аз байни ҳамаи он гаравгонон танҳо ман  зинда мондам. Дар об бо пойҳоям ба самти маҷрои об ҳаракат кардан гирифтам ва вақте маро наҳзатиҳои хунхор диданд ба суям беист тир холӣ мекарданд, вале хушбахтона маро ба нишон гирифта натавонистанд. Ҳамин тариқ  бо азобҳои сангин ман худро ба соҳил расонида, аз об баромадам. Аллакай ҳаво торик шуда буд. Аз оне, ки дастонам дар пушт бо сим баста шуда буданд, варам карданд.  Дар назди соҳил то субҳ беҳолу бе мадор монда будам. Саҳар як муйсафедеро дидам, ки дар соҳили муқобил говҳояшро лангар мекард.  Аз муйсафед  имдод талабидам. Ӯ  рафта як ҷавони узбекро овард, вай дарёро убур карда, дастонамро аз сим раҳо кард. Сипас маро аз дарё гузаронида, хурок дода чор шабонарӯз дар ҳамон чуқурии назди канал нигоҳубин кард. Ҳамин тариқ, ман бо азобу уқубатҳои зиёд баъди 10-12 рӯз худро ба ноҳияи Данғара расонидам.

Ман аз он рӯзҳои мудҳиши басарамомадаро ба хотир меораму даҳшат вуҷудамро ба ларза меорад. Зеро  он  ваҳшонияте, ки наҳзатиҳо нисбати мо раво дида буданд, ман ҳатто ба он монанд  тасвиреро дар ягон филм надидаам. Вале аз ҳама он рузҳои даҳшатбори ба сарамомада, ки тамоми баданам захмиву маъюб гашта буд, бароям дардноку ҷонкоҳтар ва маъсиятнок он буд, ки   наҳзатиҳои бераҳму  разилу палид дар пеши чашмонам додари нозанину азизамро, ки ҳоло аз олами равшан чизеро надида буд  ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буданд,  ки дигар ҳатто ҷасади ӯро то ҳол наёфтаем.

 

Баъди шунидани тафсилоти нақли Ҳусейнов Ибодулло ду нафар собиқ аъзоёни фаъоли дастаи ҷинояткори ТЭТ ҲНИ Раҳматуллоев Салим ва Ноибов Вохид, ки дар асоси қонуни авфи саросарӣ аз идомаи иҷрои ҷазои судӣ озод гашта, ба ҳаёти осоишта баргаштаанд  ва дар суҳбати мо иштирок доштанд риштаи суханро ба онҳо  дода, хоҳиш намудем, ки дар бораи  дар он солҳо бо чи сабабҳо онҳо  ба озору шиканҷаи ҳамдеҳагони худ даст зада буданд,  нақл кунанд.

Ноибов Воҳид: Рости гап он солҳо нисбатан хеле ҷавон будам аз ин сабаб ман ва дигар ҷавонони аз ҳақиқату аз сиёсат ноогоҳ таҳти таъсири сахти таълимоти роҳбари маънавии ТЭТ ҲНИ Саид Абдуллои Нурӣ қарор доштем. Ба мо таълимот медоданд, ки мо ҳафтод сол дар даврони шуравӣ наметавонистем аз дини худ озодона пайравӣ кунем. Саид Абдуллоҳи Нурӣ  иддао мекард, ки ҳатто мардуме, ки то имрӯз пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд онҳоро низ ислоҳ намудан лозим. Тартиботеро, ки ӯ дар умури динӣ  талқин менамуд ба мазҳаби шиапарастон шабоҳати комил дошт. Абдулоҳи Нурӣ ҳар сари вакт руҳониёни ба ӯ эътимоддошта ва ҷавонони ҷонибдорашро ҷамъ намуда, даъват менамуд, ки  имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба бунёди Давлати Исломӣ иқдом намоем. Абдуллоҳи Нурӣ бо руҳониёни дигар шаҳру навоҳии кишвар робитаи доимӣ дошт ва  пайваста даъват менамуд, ки барои сарнагун сохтани давлати «коммунистон» дар Тоҷикистон омода бошед. Бо ҳамин мақасдҳо дар пойтахти кишвар дар собиқ «Майдони Шаҳидон» гирдиҳамоӣ ташкил карда талаботҳои худро пеш гузоштанд. Вале аз он бехабар буданд, ки қисмати зиёди мардуми кишвар аз ҷумла мардуми минтақаи Кулоб бар зиддӣ таълимоту талаботҳои онҳо бармехезанду норозигӣ баён мекунанд. Чун Нурӣ дарк кард, ки  мадуми Кулоб садди роҳи амалӣ кардани ҳадафҳои ӯ дар роҳи бунёди Давлати Исломӣ мегарданд, барои пароканда кардани гирдиҳамоии «Майдони Озодӣ» дастур дод. Баъд аз он Нурӣ муқовимати мардуми Кулобро  асос карда мардуми он минтақаро кофир эълон намуд, бар зидди кулобиҳо ҷиҳод эълон кард. Бо ҳамин мақсад бо фармони С.А.Нурӣ  аз ҳисоби ҷавонони наҳзатӣ гуруҳҳои ҷанговарони бо ном исломӣ таъсис дода шуда мусаллаҳ гардонида шуданд. Ӯ пайваста таъкид менамуд, ки мо дар роҳи ҷиҳод танҳо нестем ва дар ҳолатҳои зарурӣ бародарони исломӣ ба мо кумак хоҳанд расонд. Мо он солҳо хеле ҷавон будем ва фирефтаи гуфтаҳои Нурӣ гашта будем. Сипас, ба аъзогии ҲНИ дохил шуда ҳамин тавр дар қатори дигар ҷинояткорони наҳзатиён даст ба ҷиноят задем. Баъдан аз кардаҳои худ сидқан пушаймон гашта ба ТЭТ ҲНИ нафрат оварда, аз он хориҷ шудем. Бародарони ҷабрдидае, ки имруз дар бораи он рӯзҳои шум сухан гуфтанд сад дар сад рост мебошад ва ҳамаи гуфтаҳои онҳо ба пуррагӣ ҷой доштанд.

Раҳматуллоев Салим: Ман ҳам гуфтаҳои акои Воҳидро тасдиқ карда мегуям, ки дар ҳақиқат он солҳо хеле ҷавон будем ва аз рӯи бесаводиву камтаҷрибагӣ фирефтаи фитнаҳои С.А.Нурӣ гашта, ба сари ҳаммилатони худ, ҳамдеҳагони худ даст бардоштем. Дар ҳақиқат мо аз мақсадҳои аслии ғаразноки наҳзатиён хабар надоштем ва ба қавле гуё барои ҳимояи дини мубини Ислом бархоста будем. Чун вақте аз таълимоту ҳадафҳои аслии С.А.Нурӣ аз наздик воқиф гаштем, дар ҳол фаҳмидем, ки ӯ шиапараст будаасту моро маккорона бар зидди ҳаммиллатони худ, ки ҳамагӣ пайрави мазҳаби ҳанафия мебошем ҷанг андоханӣ будааст. Чун инро ман шахсан дарк кардам, дарҳол аз ӯ ру гардонидам. Дар як муддати кутоҳе, ки дар сафҳои онҳо будам ва он ҷаҳолату даҳшатеро, ки дар ҳаммом дидам, ба худ қарор додам, ки инҷо ҷои ман нест ва ҳеҷгоҳ бо онҳо дар як саф буда наметавонам. Дар назди худ максад гузоштам, ки бо ҳар роҳу воситае, ки набошад бояд ақалан як чанд гаравгонро аз дасти он қотилон озод намуда аз марг наҷот диҳам. Баъди талошҳои зиёд ба ман муясар гашт, ки Ҳафизов Сафаралӣ, Хоҷаёров Иброҳим,  Ҳалимов Раҳмон, Пирумқулов Али ва Бердиев Давлатмуродро, ки бо азобу шиканҷа ба қатл расонида мешуданд аз гаравгонии наҳзатиён озод  намоям.

Вале хеле таассуф мехурам, ки  ду бародари худ Раҳим ва Ҳасанро, ки фирефтаи таълимоти С.А.Нурӣ гашта, аъзои дастаи мусаллаҳи ӯ буданд ва ҳамроҳ бо Саидов Шамсидин ба ҷиноятҳои вазнину даҳшатнок даст зада буданд, натавонистем аз роҳи хато баргардонем. Ман ҳамаи гуфтаҳои ин бародари ҷабрдидаро ба пуррагӣ тасдиқ менамоям. Иловатан ҳаминро гуфтаниям, ки бародарони ҷабрдида ҳангоми додани баёнот аснои тафтишот ва ҳам дар мурофиаҳои судӣ айнан ҳамин гуфтаҳоро нишондод дода буданд.  Судшаванҳо  ду бародари ман Раҳматуллоев  Раҳим Сироҷович, Раҳматуллоев Ҳасан Сироҷович,  Бойманов Бурӣ Иброҳимович ва Ҷононов Аваз Манонович низ дар мурофиаҳои судӣ нишондодҳои ҷабрдидаҳоро ба пурагӣ тасдиқ намуда буданд ва ҳар чорашон бо Ҳукми Колегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди  Вилояти Хатлон ба ҳукми қатл маҳкум гардиданд.

 

 

Маҳмадов Одилҷон - сокини н.Вахш 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-06-2019, 19:29:24 | Диданд: 492