МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Фирори модари тоҷик аз “дӯзах”-и ДИИШ

Фирори модари тоҷик аз “дӯзах”-и ДИИШ

Фирори модари тоҷик аз “дӯзах”-и ДИИШ

 

Нооромиҳо дар Шарқи Наздик ҳазорҳо сокинони кишварҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба коми худ фурӯ бурдааст. Бисёриҳо бо сабаби ҷаҳлу бесаводӣ, ҳирси молу ба даст овардани маблағи ҳангуфт фирефта шуда, аввал ба Ҷумҳурии Туркия аз он ҷо ба хоки Шому Ироқ бурда шудаанд. Қаҳрамони мусоҳибаи мо Зайнура Толибова низ аз он зумра мебошад, ки азобу уқубати майдонҳои ҷанг, зулму ситами ба ном мусулмонон ва ҳомиёни шариатро, даҳшати терроризму террористонро бо чашми  сар дидааст.

Бовар дорем, он чи ки Зайнура нақл мекунад, ҳар яки моро бори дигар ба андеша мебарад, то фикри осоиштагии диёр, шукри тинҷиву осудагии Тоҷикистонро кунем. Инак фишурдае аз рӯзгори мудҳиши як зани тоҷик дар минтақаҳои таҳти идораи ДИИШ.

 

- Зайнура, бигӯед, ки ҳамааш аз чи сар шуд?

 

- Ман соли 2009 баъди хатми мактаби миёна ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт - ­Петербург рафта, дар мағозаи бародарам машғули кор шудам. Қисмат будааст, бо Абдулбек ном ҷавони чечен, ки дар шафати дӯкони мо мевафурӯшї мекард, шинос шуда, баъдан издивоҷ кардем.

Шавҳарам инсони хубу меҳрубон ва мусалмони муқаррарї буд. Дар зиндагию рӯзгор мушкиле надоштем, то он замоне, ки шавҳарам бо ду шаҳрванди Тоҷикистон - Илҳом ва Насим шинос шуд. Онҳо Абдулбекро ба масҷиди дохили бозори «Апраксин двор» бурда, ба ҷамъияти «Таблиғ» ҷалб карданд. Тадриҷан дар ҳаёти шавҳарам тағйирот пайдо шудан гирифт. Риш гузошт ва ба пӯшидани либосҳои  мазҳабї, омӯзишї маромномаи ҷамъияти мазкур сар кард. Муносибаташ бо атрофиён рӯз аз рӯз дурушт мегардид. Бо ин сабаб дар ягон ҷо кори муносиб дарёфт карда наметавонист. Абдулбек ба фурӯши атриёт дар масҷидҳо ва истгоҳҳои метро шуруъ кард, ба хона кам меомадагї шуд. Волидонаш, ки дар шаҳри Грозний зиндагӣ мекарданд пайваста ба ӯ насиҳат менамуданд, ки аз чунин рафтор худдорӣ намояд.

 

 

- Ба Сурияву Ироқ чи хел афтодед?

 

- Дӯстони шавҳарам Илҳом ва Насим соли 2013 ба Ҷумҳурии Туркия рафта, Абдулбекро низ пайваста даъват мекарданд, ки ба Туркия равад. Ваъда медоданд, ки дар Истанбул ҷойи кори муносиб мутобиқ ба аркони шариат зиёд мебошад. Бо кӯмаки молии Илҳом ва Насим шавҳарам аввал ману ду фарзандамро тариқи хатсайри Санкт-Петербург - Киев - Истамбул ба Туркия фиристод худаш пасон баъд аз ҳал кардани баъзе мушкилоти олилавӣ омад. Давоми якчанд моҳ дар хонаи иҷоранамудаи Илҳом ва Насим, ки бо ҳамсаронашон мезистанд, истиқомат кардем. Шавҳарам бо шаҳрвандони Узбекистон дар маркази аъзои ДИИШ бо номи «Дернек» пайваста вохӯрӣ карда, бобати сафарбар шудан ба Сурия маслиҳат менамуд. Аз масъалаи мазкур ман ҳам тавассути дугонаҳоям воқиф шудам. Баъди чанде Илҳому Насим оилавӣ ба Сурия рафтанд. Шавҳарамро низ пайваста даъват менамуданд.

Баъди даъватҳои зиёд шавҳарам барои рафтан ба Сурия моил шуд. Ба ман ҳам таъкид менамуд, ки дар Сурия зиндагии хубу ширин тибқи меъёрҳои шариати ислом сохта шудааст ва пешниҳод менамуд, ки ба он давлати “хилофат” рафта тибқи талаботи шариат ҳаёт ба сар барем. Бовар мекунонд, ки дар сурати мавҷуд будани шароити бад, дубора ба Туркия баргашта, зистамонро идома медиҳем. Ман пешниҳодҳои ӯро рад мекардам. Баъдан шавҳарам ба таҳдид кардан гузашт. Бори охир гуфт, ки дар сурати ҳамроҳи ӯ нарафтанам, фарзандонро бо худ гирифта мебарад. Илоҷе наёфта, тақрибан моҳи январи соли 2014 бо мусоидати Илҳом ва Насим ба шаҳри Идлиби Сурия рафтем.

 

- Шуморо дар он ҷо кӣ қабул кард, ҳамон Илҳом ва Насим?

 

- Дар он ҷо моро ҷангиёни мусаллаҳ ба минтақаи Риф-Муҳандисини Идлиб бурданд. Дар ин мавзеъ шаҳрвандони тоҷик зиёд буданд. Бештари онҳо аъзои собиқ ҲНИ мебошанд, ки бо роҳбарии Табаров Амриддин аз Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, ба ташкилоти террористии “Ансоруллоҳ” шомил шудаанд. Онҳо баъдан бо тавсияи роҳбари кунунии ин ташкилот аз Афғонистон тариқи Эрон ва Ироқ ба Сурия омада, ба сафи ТБТ ДИИШ пайвастанд. Ҷангиёни тоҷики «Ансоруллоҳ» ба «Ҷабҳат-ан-Нусра», ки қаноти ДИИШ буд, итоат мекарданд.

 

- Кай пушаймон шудед?

 

- Бо якчанд зани тоҷик ҳамсуҳбат гаштам. Онҳо маро сарзаниш мекарданд, ки чи хел гумроҳ шуда ба ин сарзамини ҷангзада ворид шудаам. Яке аз занҳои тоҷик бо номи Фотима аз ноҳияи Исфара зикр намуд, ки шавҳараш аъзои “Ансоруллоҳ” буд, бо супориши Табаров А. хост дар Тоҷикистон амали террористӣ анҷом диҳад, аммо аз ҷониби қувваҳои амниятӣ кушта шуд. Баъди ҳалокати шавҳар оилааш парешон шуда, фарзандони ноболиғаш, ки ҳамаги 12 ва 14 сол доранд дар сафи ташкилоти Ҷабҳат­ан­Нусра маҷбуран меҷанганд.

Баъди шунидани нақлҳои даҳшатноки ин модарон дилам то чанд аз ин кишвари “хилофат” сард шудан гирифт. Аммо аллакай дер шуда буд, зеро шавҳарамро дар минтақаи Риф-Муҳандисини Идлиби Сурия ба курси якмоҳаи тайёрии ҷангӣ (муаскара) даъват карда, ба ДИИШ «байъат» намуд. Баъди гузаштани курсҳои мазкур ва шоҳид шудани якчанд ноадолатиҳо дили шавҳарам низ аз ин кишвари бо ном исломӣ куллан монд.

Фанду фиреб байни мусалмонон, ноадолатӣ, ваҳшоният, қатлу куштори кӯдакону модарони бегуноҳ, маҷбуркунонӣ ва дигар рафтори бо ном “исломиҳо”, ки аз гуфтанаш шарм мекунам ман ва шавҳарамро куллан дилсард намуд. Бояд эътироф намоям, ки ҳама он тоҷиконе, ки дар Сурия бо мо қарор доштанд баъди гузаштани андаке вақт пӯшаймон шуда, мақсади бозгашт ба Ватанро мекарданд, аммо роҳбарони ДИИШ онҳоро таҳдид ба қатл ва ҳукми зиндон намуда, аз фирор кардан бозмедоштанд.

 

- Нияти фирор аз он макони ҷангзадаву мудҳишро накардед?

 

- Шавҳарам мақсади фирор намуданро дошт. Дар ин хусус танҳо бо ман маслиҳат кард. Ва худро мариз вонамуд карда, аз иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ худдорӣ намуд. Сипас, ба ҳайси барқчӣ ва тақсимгари хӯрока ба кор ҷалб шуд.

Баъди чанде байни гуруҳҳои террористии «Ҷабҳат – ­ан - ­Нусра» ва ДИИШ ихтилоф сар зад. «Ҷабҳат - ан-Нусра» аъзоёни ДИИШ -ро «хавориҷ» ва ДИИШ онҳоро «муртад» меномид.

Бо пешниҳоди шавҳарам моҳи апрели 2014 кӯшиши фирор ба Туркияро намудем. Аммо ба дасти ҷангиёни «Ҷабҳат­-ан­-Нусра» афтодем. Моро мавриди шиканҷа қарор доданд. Маротибаи дуюм моҳи ноябри соли 2014 бо ёрии сокинони таҳҷоии Риф–Муҳандисин бо 10 оилаи чун мо фиребхӯрда ба шаҳри Раққаи Сурия, ки дар ихтиёри ДИИШ буд, фирор кардем ва мехостем, ки баъдан, аз минтақаи Талавияти Сурия ба Туркия гузарем. Дар минтақаи Талавият моро аъзои ДИИШ дастгир карда, ба шаҳри Раққа бурданд ва дар таҳхона ҷой карда, гуфтанд, ки агар ба ин ташкилот аъзо шавем ва дар минтақаҳои зери нуфузи он тақсим гардида, бо хона  ва маош таъмин мегардем. Аз ноилоҷї ба пешниҳоди онҳо розӣ шуда, баъди ҳафтае ба деҳаи Табқаи шаҳри Раққа интиқол ёфтем. Дар ҳамин шаҳр 21 апрели соли 2015 фарзанди сеюмам Асия ба дунё омад.

 

- Тоҷикони бо номи Илҳом ва Насимро, ки сабабгори ин ҳама саргардонии шумо буданд, дигар вонахӯрдед?

 

- Танҳо Илҳомро вохӯрдем. Дар минтақаи Табқаи Сурия бештар тоҷикон истиқомат мекарданд. Илҳом амири тоҷикони шаҳри Раққа интихоб шуда буд. Ҷонибдоронаш дар минтақаи Табқа ва маҳаллаи Қадисияи Раққа мезистанд. Дар он минтақа тоҷикон як биноро ба ихтиёри худ гирифта буданд. Тобистони соли 2015 дар натиҷаи бомбапартоиҳо Илҳом ҳамроҳи ҷонибдоронаш дар он бино кушта шуданд.

Соли 2015 бо ёрии як араби муқими Сурия, ки бо маблағи 200 доллари ИМА шаҳрвандони хоҳишмандро аз як минтақа ба дигар ҷой мерасонд, кӯшиши гурехтанро кардем. Дар роҳ то ба минтақаи Бисейраи Раққа норасида, аз ҷониби амниятиҳои ДИИШ дастгир гардидем. Моро ба хонаамон баргардонида шавҳарамро муддати 3 рӯз зиндонӣ карданд ва огоҳӣ доданд, ки дар сурати такрор ёфтани амалаш ба қатл хоҳанд расонид.

 

- Ҳуқуқи шумо мувофиқи қонунҳои шариат риоя мешуд ё..?

 

- Ду солу шаш моҳ дар шаҳри Табқа истиқомат кардем. Ҳаёт ба мисли як маҳбасхона буд. Ҳуқуқи шахс умуман риоя намегардид. Ҳар он чизе ки бо ном «амири мусалмонон» фармоиш медиҳад, онро бояд анҷом бидиҳӣ. Кӯдакон аз таҳсил дур монда, бо аҳолӣ ба монанди як тӯдаи ҳайвонҳо муомила сурат мегирифт. Ҳама масъала аз нигоҳи танг баҳогузорӣ мешуд. Касе сабаби ҷорӣ гардидани чунин қонуну қоидаҳои мавҷударо пурсида наметавонист. Дар гармии тобистон занонро маҷбур месохтанд, ки ҳиҷоб (хамар) ва дастпуш (фуф) пушанд.

То соли 2016 дар Табқа беморхонаҳо, шуъбаҳои пулис, амният аз ҷониби аъзои ДИИШ фаъолият мекарданд. Вазифаҳои баланду сердаромадро арабҳо соҳиб буда, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусан тоҷикон ба ҳайси маргталаб, ҷанговар истифода мешуданд.

Амирони ДИИШ дар муҳорибаҳо иштирок накарда, аз утоқи  худ амалиётро назорат мекарданду фармон медоданд. Ин ҳама боиси шубҳаю норозигии бархе ҷангиён аз ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон нисбат ба ДИИШ мегардид. Роҳбарияти ДИИШ шахсонеро, ки бо қарорҳои онҳо мухолифат макарданд пинҳонӣ ба қатл расонида, ба наздиконашон мегуфатанд, ки зимни амалиёти ҷангӣ шаҳид гардидаст.

Моҳи августи соли 2016 шавҳарам низ аз ҷониби террористони ДИИШ кушта шуд, аммо ба ман хабар доданд, ки ӯ дар натиҷаи бомбапартоиҳои тайёраҳои ҷангӣ кушта шудааст. Шавҳарамро бидуни шӯстан ва ҷаноза бурда гуронданд.

 

- Зиндагии баъди ҳалокати шавҳар чи гуна буд?

 

- Ҳаёти оилавии баъди вафоти шавҳарам мушкил гардидан гирифт. Роҳбарияти ДИИШ хонаҳои махсус «Мактабу шуҳадо»­ро ташкил карда буданд, ки дар он бевазанҳо истиқомат мекарданд. Ман низ маҷбуран ба он аъзо шудам.

Мардҳои безан ба он хонаҳо омада занҳои ба худ маъқулро интихоб ва бо никоҳи муваққатӣ ба занӣ мегирифтанд. Бо сабаби бад будани шароити зист дар хонаҳои мазкур, набудани маводи хурока духтарони ҷавон ба мардони пири арабу африқоӣ ба занӣ дода мешуданд. Баъдан маълум гардид, ки баъзе аз духтарони ҷавони 13­16 соларо роҳбарияти ДИИШ ба ҷангиёни хориҷӣ бо нархҳои гарон мефурӯхатааст.

Дар «Мактабу шуҳадо» бевазанҳо дар шакли гурӯҳҳои 20-нафарї истиқомат менамудем. Роҳбарии хонаро як мард ба уҳда мегирифт. Роҳбари мо шаҳрванди Узбекистон бо номи Мустафо буд. Ӯ худро дар ҳузури омма шахси имондор вонамуд карда, дар хилват тамоми аъмоли фаҳшро бо занон раво медид. Мегуфт, ки тамоми ҳуқуқи шавҳар ба ӯ аз ҷониби худи «халифа» Абӯбакр – ал - Бағдодӣ дода шудааст. Бо сабаби пайваста мавриди шиканҷаи шаҳвонӣ қарор гирифтани занон, кӯшиш менамудем, ки ба ягон мард издивоҷ карда аз ин ваҳшоният халос гарем. Баъди даҳ моҳи марги шавҳарам, ноилоҷ бо Бақит ном шаҳрванди қиргиз издивоҷ кардам. Якҷо бо ӯ низ кӯшиши гурехтанро барномарезӣ кардем.

Соли 2017 низомиёни ИМА муштаракан бо ҷангиёни курд дар ш.Табқа амалиёти низомӣ оғоз карданд. Бо истифода аз фурсати қулай ҳамроҳ бо дигар сокинони шаҳр ба минтақаи Кишмаи Дайр-уз-зор кӯч бастем. Зуд-зуд бар асари ҳуҷумҳо ҷои иқомат тағйир дода, ақибнишинӣ менамудем.

 

- Дар чунин шароит вазъи хурду хӯрокатон чи гуна буд?

 

- Занону кӯдакон аз гуруснагӣ ранҷ мекашиданд. Ҳафтаҳо ғизое намеёфтем. Дар ҳоле ки дар анборҳои ДИИШ халтаҳои орд, қуттиҳои равған ва дигар маводи хӯрока фаровон  буданд ва аз сӯи арабҳои Ироқ назорат мешуданд.

Бо муташшаниҷ шудани вазъ дар шаҳри Кишма, нархи маводҳои хӯрокворӣ бениҳоят гарон шуда, қимати як кило шакар ба 50 доллари амрикоӣ, як халта орд то 1500, як кило хурмо 40, 4 литр равған 150, биринҷ 30-50-доллари ИМА боло рафт. Маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба мардум дода намешуд ва ба маблағҳои гарон ба шахсони пулдор фурӯхта мешуданд.

Дар Кишма 35 ноболиғ аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд. Шахсан, бо фарзандонам аз набуди ғизо алаф ва сабӯс истеъмол менамудем. Фарзанди чаҳорумам, ки дар батнам буд, рӯзҳои дароз аз гуруснагӣ азият мекашид.

Азбаски Бақит мақсади фирор дошт, ӯ низ соли 2018 аз ҷониби террористони ДИИШ дар бозори вилояти Дайр-уз-Зор кушта шуд.

Ҳаётам дучанд мушкил шудан гирифт. Ҳамарӯза аз як минтақа ба минтақаи дигар гурехтан бо 3 фарзанди ноболиғ бароям мушкил буд. Касе ба додам намерасид. Роҳбарияти ДИИШ занони арабро ҳамарӯза ба минтақаҳои амн интиқол медод, аммо занони ғайриараб ҳамарӯза зери бомбаҳо монда ҷон медоданд. Маҷбур шудам, бисотамро бо 2 мошини сабукраве, ки аз шавҳарам монда буд, фурӯхта, 10 ҳазор доллари ИМА ҷамъоварӣ намоям.

- Кай ва чи хел нияти ба Ватан баргаштанро кардед?

 

Тавассути интернет маълумот ёфтам, ки Президенти кишвар шаҳрвандони гумроҳшудаи Тоҷикистонро агар сидқан изҳори пушаймонӣ кунанд, мебахшад. Ман ки саропо пушаймон будам, ба ин муждаи нек, ба ин ғамхории Роҳбари мушфиқ умед бастам.

Ин буд ки бо мақсади ба Тоҷикистон баргаштан 26 декабри соли 2018 тавассути миёнаравҳо бо пардохти 10 000 доллари ИМА аз минтақаи Шаъфа ба минтақаи курднишини Сиҷо ва аз ин ҷо бо кӯмаки пулисҳои курд ба Минбичи Сурия омада расидам. Ду рӯз дар яке аз назоратхонаҳо пурсуҷӯ шудам. Аз он ҷо ба минтақаи «Мактаб сафора»-и музофоти Азаз интиқолам доданд. 2 феврали 2019 бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки маро ба Тоҷикистон баргардонанд. 23 феврали соли 2019 фарзанди чорумам дар марзи Сурия бо Туркия таваллуд шуд.

Бо мадади Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия марти 2019 бо ҳамроҳии 4 фарзандам ба Туркия ва аз онҷо бо хатсайри Истанбул-Душанбе ба Тоҷикистон баргаштам.

 

Хонандагони азиз! Зайнура баробари фуруд омадан ба хоки Тоҷикистон аввал замини муқаддаси Ватанро бӯса зада, нафаси чуқур мекашад. Ҳавои соф, фазои ороми бидуни овози тиру тупро басе пазмон шуда буд, ки ашки шодӣ мерезад. Худро комилан дар амну осоиштагӣ эҳсос мекунад. Зеро ӯ аллакай дар Ватан аст. Ватани ором. Ватане, ки бо ваҳадати ҳамдиёрон ва шабзиндадории фарзандони меҳрубонаш сокинон оромона мехобанд.

Зайнура аз тамоми модарон ва падарон хоҳиш менамояд, ки чашми хиради худро кушода, шукри осудагии диёр ва дуои ҷони роҳбари ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кунанд. Ӯ таъкид медорад, ки беҳтарин ҷиҳод барои волидон бо илм ва ирфон муҷаҳҳаз кардани фарзандон мебошад, ки дар муқобили душмани асосӣ ­ ҷаҳолат тавонанд мубориза баранд.

Ӯ миннатдории худро ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳама он шахсоне, ки барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани Зайнура ва фарзандонаш саҳм гузоштаанд, изҳор медорад.

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-06-2019, 17:09:29 | Диданд: 498