МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Осмони соф мехоҳем

Осмони соф мехоҳем

 

 

Коршиносону донишмандони соҳаи сиёсии ҷаҳон дар он андешаанд, ки таи солҳои охир инсоният саёраи заминро масоилоте чун терроризму гардиши ғайриқонунии маводи мухадиру амалҳои коррупсионӣ, ВИЧ/СПИД, қашоқи ҳолати экологии ҷаҳон, хариду фуруши одам ва амсоли инҳо ба ташвиш овардааст. Ҳарчанд кишварҳо дар бобати аз байн бурдани ин амалҳои хатарафзо талошҳо намояндҳам ба комёбиҳо кам ноил мешаванду ин амалҳои нангин афзоиш меёбад. Аз нигоҳи таҳлилгарон масоили сиёсӣ, амалҳои террорист хело хатарафзо ва нигароникунанда мебошад.

Мушоҳидаҳою таҷрибаҳои бисёрсолаи мутаххассисони соҳа онро нишон дод, ки ин гуруҳо бештару бештар корҳои таблиғотии хешро дар байни ҷавонон ба роҳ мемонанд ва ҳама амалҳои террористиихудро ба дасти ҷавонон анҷом медиҳанд, ки он бо вожаи «Террористи худкуш» маълум аст. Ин ҳама моро ба он водор месозад, ки дар байни ҷавонони кишвар бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем онҳоро бештар  ба корҳои фоидаовари ҷамъияти ҷалб намоем. Мо имкониятҳои хело зиёде дорем, ки ба насли ҷавони кишвар кор кунем ба онҳо моҳияту мафҳуми Ватану ватандориро омўзонем. Аз таърихи куҳан кишвар доири он фардиятҳои, ки барои озодии Ватан чун Шерак, Муқанаъ, Симбоди Мо, Темурмалик, Восеъ қаҳрамонҳои тоҷикистон С. Айнӣ, Б. Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Н. Махсумов, бо онҳо ҳикояҳо намоем, ки ин номҳо  боиси ифтихору сарбаландии онҳо бошанд вале афсус дар ин кам мувофақ мебошем.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромадаашон такия ба мо ҷавонони кишвар  намуда, мо ҷавононр ҳамчун нерўи созанда ва ояндасози миллат меномад. Ҳатто дар заминаи ин ғамхори ҷавонони кишвар таҳти шиори «Мо пайравони пешвои миллат» баромадҳо намуда ба корҳои созандагию бунёдкориҳо даст мезананд.

Тоҷикистон дар замони Шӯрави имкони рафтуомади миёни вилоятҳоро имкон надошт. Дар фасли сармо роҳи нақлиётгарди ВМКБ пурра махкам шуда, танҳо ба воситаи ҳавопаймо ва чархбол имкони сафар буд. Ҳоло бошад шукронаи истиқлолият намоем, ки дар ҳама фаслҳои сол имконияти сафар ба ВМКБ ҳасту имрӯз тамоми саёҳону меҳмонон аз ин гӯшаи диёри кишвари азизамон дидан менамоянд.

Бояд гуфт, ки ин ҳама дар ин ҷаҳони пуртазоду пурмоҷаро, ки аббадқудратҳо ҳама корро ба манфиати худ ҳал кардан мехоҳад кам аст. Раванди ҷаҳонишавии онро талаб дорад, ки ҷавонони пеш аз ҳама худшиносу худогоҳ бошанд то ҳеҷ идиалогияи беруна ба шуури мо ояндасозони кишвар таъсир расонида натавонад. Мо аҳли суннат, ки пайрави мазҳаби Имоми Аъзам бо хуби медонем, ки динни мубини ислом дини беолоиш динест, ки инсониятро ба суи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, хушбахтию саодат ва зиндагии босаодат мехоҳад на ба он роҳе ки амалҳои манфури террористи зоҳир мешавад. Ҳамаи амалҳои бад ба ислом бегонааст. Онро васвасаи шайтон медонанд алҳазар аз васвасаи шайтони раҷим.

 

Ҳаффиззода Алишер – коргузори шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-07-2019, 14:04:29 | Диданд: 384