МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Озмуни ноҳиявии "Тоҷикистон Ватани азизи ман"

Озмуни ноҳиявии

Имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳия озмуни ноҳиявии "Тоҷикистон Ватани азизи ман" баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аҳли фарҳангчиёни ноҳия ширкат варзида бо ҳунарҳои худ табъи тамошобинонро болида гардониданд. Дар фарҷом аъзоёни ҳакамон ва кумитаи тадорукот ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ғолибони озмунро изҳор доштанд. Дар озмуни баргузор шуда аз руи 4 номинатсия 9 нафар ба даври вилояти интихоб гардиданд. 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-07-2019, 14:16:27 | Диданд: 497