МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳар як давлат мушкилоти мавҷудбудаашро худаш ҳал мекунад

Ҳар як давлат мушкилоти  мавҷудбудаашро худаш ҳал мекунад

Дар шаҳри Женева рӯзи 3-июли соли 2019  муколамаи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ аъзои ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Юсуф Раҳмон –прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода таъкид кардаанд, ки солҳои гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои беҳбуд ёфтани ҳуқуқи инсон қабул ва амалӣ шудаанд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, “ҳуқуқи каси дигарро зери по кунад.”

Дар ин чорабинии байналмилали бештар вазъи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта бештар аз ҳизбу ҳаракатҳое, ки ба сиёсати давлатии мо мухолиф аст пуштибонӣ шудааст. Дар низоми ҳар як давлатдори қайд шудааст, ки гурӯҳ ё ҳаракате, ки мақсади сарнагун кардани ҳокимиятро доранд душман ҳисобида мешаванд ва давлат онро барои ҳимоя ба ҷавобгарӣ мекашад. Шукронаи истиқлолият ки дар давлати азизи мо касе ба касе кор надорад. Амният ва адолат пойдор аст. Зарурат ба мунақид ва дигар ҳизбҳо нест. Ҳизби наҳзати исломи ки дар гузашта бештари нобасомониҳоро ташкил карда буд, имрӯз боз пуштибон дорад. Ман шоҳиди воқеаҳои соли 1992 будам ва нагз медонам ки ҳизби наҳзати ислом чи кор карда буду дигару дигар чи корро анҷом додаанд.

Мо шукронаи осоиштаги мекунему ба каси дигар эҳтиёҷ надорем, ки ба ҳимояи ҳуқуқи мардуми мо кӯмак кунад. Конститутсияи мо тамоми кафолатҳоро ба шаҳрвандон додааст. Хуб мешуд, ки давлатҳои хориҷ вазъи дохилии худро беҳтар мекарданд. Тоҷикистон давлатест, ки дар саргузашти худ вазъи ҷанги шаҳрвандиро дидааст ва нағз медонад. Давлатҳои дигар қариб беш аз 50 то 100 сол аст, ки ҷангро надидаанду ҳар чи хоҳанд мегӯянд. Дигар давлатҳо аз давлат ва шаҳрванди Афғонистон метарсанду намефаҳманд, ки мо бо он ҳамсарҳади дорему вазъиятро нағз медонем.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон барои нангу номуси Ватандорӣ вокуниш ба ҳамаи баромадҳои хориҷиён нишон медиҳем ва арзишҳои миллӣ ва маънавии худро пос хоҳем гузошт.  

 

Бегов Д-раиси хоҷагии деҳқонӣ, сокини н.Восеъ

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-07-2019, 06:32:11 | Диданд: 417