МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вохӯри бо фаъолони ноҳия дар мавзӯи "Пешгирии терроризм"

Вохӯри бо фаъолони ноҳия дар мавзӯи

Санаи 4 июли соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин кори вохӯрӣ нахуст прокурори ноҳия Пулодӣ Умед баромад намуда, қайд кард, ки гаравидан  ба гуруҳҳои терроризм ва экстремизм ин як доғи ҷомеаи мо мебошад. Ҳарчанд, ки дар масъала таъкидҳо бештар амалӣ шаванд ҳам аммо бинобар сабаби ҳамкории зич надоштани шаҳрвандон бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баъзан нафарони ҳамдиёрӣ мо ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд. Дар ин вохӯрӣ қайд гардид, ки сокини деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон ки бо ҷурми шомил шудан ба гурҳҳои террористӣ дар маҳбас аст боз ба амалҳои террористи даст задааст. Волидайни Исмоили Исмонқул яъне падару модараш назди ҷамъомадагон мавриди муҳокима қарор гирифта, ӯ аз кардаи фарзандаш ки дар хориҷи кишвар ба ҷиноят даст задааст изҳори пушаймони карда ба фаъолон таъкид карданд, ки ин амали фарзанди онҳоро ба дигарон фаҳмонанд, ки пешгирии шавад. 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-07-2019, 08:33:40 | Диданд: 439