МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тероризм дар ниқоби Ислом

Тероризм дар ниқоби Ислом

Бозиҳои сиёсии ҷахон ба ҳаёти инсон мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла мусаллаҳшавии бо шитоби кишварҳо,бози кардан бо дину эътиқод, тассубу хурофотпарастӣ,тероризму эктремизм ва амсоли инҳо. Имрӯз қудрати зеҳни инсон ҳатто тобиши сайёраҳо, фазо, суръати гардиши коинотро идора карда истодааст. Як зумра одамон бо акидаҳои хеш мехоҳанд дунёро дигар созанд, дигаре барои манфиати хеш дар ҷомеа табадулот ба вуҷуд меорад. Миёни одамон, миёни гуруҳҳо, миёни равияҳо гарз ва низоҳо пайдо шуда дар натиҷа хаёти инсон зери хатари бузург мемонад.

        Имрӯз давлатҳои ғайри мусалмон дар чеҳраи ислом бунёди тероризму экстремизмро мебинанд, тамоми давлатҳои мусалмоннишинро зери сарзаниш қарор медиҳанд. Бар он ақидаанд,ки хар ҷоки мусалмон аст онҷо қатлу куштор, иғвоангезӣ ва таҳавулгарӣ низ вучуд дорад. Аҷаб фалсафае:    -дини мубини Ислом пок ва Қуръони Карим мукаддасаст. Ичунин  холики якто низ ҳеҷ вакт ва ҳеҷ куҷо қатли инсонро амр накардааст. Аммо афсус таассуб, хурофотпарастӣ, дингароиву миллатгароӣ, манфиятхохиву мазхабтарошӣ, куштор ва хунрезии гуруҳҳои махсус ва ё гуруҳҳои зархарид ба рӯи дини мубини Ислом доғи сиёҳ гузоштанд. Хуллас тероризм ба рӯяш ниқоби Ислом кашиду ба дунё хатари бузург эҷод кард.

     Муносибатҳои духура ва ё ду стандартаи кишварҳои абарқудрат ба дигар кишварҳои хурд таъсири манфи мерасонад. Зеро ин кишварҳо ба хотри ба даст овардани манфиатҳои геопалитикии хеш гуруҳҳои махсусро ба хотри набзу низом ва ноором сохтани авзои тамоми ҷомеа ва аҳли башар омода месозанд. Паси парда ба ивази маблағҳои калон онҳоро муссалаҳ гадонида роҳнамоӣ мекунанд.Аз паҳлӯи дигар назди омма  муқобилашон муқовимат нишон медиҳанд. Яъне бо гург барра мехуранду бо чупон гиря мекунанд. Дигар  сухан сари мусалмону ғайри мусалмон намеравад. Имруз сухан сари хаёти инсон меравад. Рушди бесобиқаи тероризму экстремизме,ки  ҳамма кишварҳоро ба ташвиш овардааст, Тоҷикистонро ҳам зери хатар низ гузоштааст. Падидаҳои номатлуб, равияҳои гуногун   бегонапарастӣ, ҳизбу ҳаракатхои иртиҷоӣ, истиқлолият ва амнияти мардуми тоҷикро халалдор сохтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш чиҳати пешгирии тероризм ва ихтилофот паваста суханрони менамояд, инчунин ба дарку фаҳми онҳо мерасонад,ки майл ба фарҳанги бегона надошта бошанд. Нагузоранд,ки душманони давлату миллати тоҷик бо ақидахои хоинона бо эҳсосоти мардум аз ҷумла ҷавонони мо  бозӣ кунанд. Зеро Ҳизби Наҳзати Ислом дар ҳамин хоку сарзамин солҳои зиёд кору фаъолият кард. Вале наҳзатиён имкониятро истифода бурда зери коса нимкоса хобонданд. Ба хар роҳу восита зеҳни мардумро заҳролуд сохтанд. Бо гузшти вақт ва баъд аз таҳлилҳо чун парда аз рӯи ин бардошта шуд ҳақиқат ба ҳама маълум гардид,ки наҳзатиён ҳадафу мақсадҳои нопок доштаанд. Хоҷагони хориҷи низ онҳоро бо маблағҳои махсусан калон харидорӣ намудаанд то сулҳу амнияти мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро аз байн баранд. Бояд гуфт,ки муқовимат нишон додан бар зиди тероризм кори нафақат мақомоти дахлдор балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Аз ҳамин хотир бояд ҳушёр бошем ва дубора ба чунин хатоги роҳ надиҳем.

      Биёед сари мақсад меоем! барои аз байн бурдани ин  мушкилоти ҷаҳони чи бояд кард? Ба фикри шахсии ман аввал бояд зираку зудфахм бошем, ба хама ончизе ки ватанамон дорад қаноат кунем,бо ивази баъзан камбудиҳо беҳбудиҳоро мисол оварда шукр гуем. Тинҷии ватанамон Тоҷикистон ва ормиши хонаводамонро арзиш калон донем ва Пешвои миллатамонро,ки бо ин ҳама сарсупурдагиву аз худгузари бароямон сулҳу ваҳдат офарид дуст дорему ӯро бовар кунем. Чунки ин Ватан ва ин Пешво танҳо барои мост.Бояд донем терорист бе имону бе ватан аст ягон терорист мақсади бунёд ва обод карданро надорад. Чуноне,ки Сарвари муаззами миллат дар яке аз паёмашон  гуфтаан ,ки «Терорист дин,мазхаб ва Ватан надорад».

                                                 Муовини раиси Кумитаи

                                      иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  

                                      Шаҳноза Раҷабова

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-07-2019, 13:24:13 | Диданд: 453