МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо Истиқлолиятамонро ҳифз хоҳеи кард

Мо Истиқлолиятамонро ҳифз хоҳеи кард

Дар ҳама давру замон ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд бо андак кор маблағи калонеро ба даст оранд. Гуруӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз ваҳшонияти худ мехоҳанд мартабаи худро баланд бардошта фоидае ба даст оранд. Дар замони аввали соҳибсистиқлоли Тоҷикистон пиру барнои мардуми мо ҷанги шаҳрвандиро дида азобу машакати онро аз сар гузаронид Фаҳмид мардум, ки дар душвортарин мавридҳо бо онҳо ки буду ки дасти ёрӣ дароз кард. Албатта худи давлати Тоҷикистон дигар ягон гурӯҳ ё созмоне дар вақти оташи ҷанг ғамхори мардум набуд. Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талаошҳои шабонарӯзиаш бо мухолифин сулҳ баста давлатро ба по хезонид. Дар тамоми баромадҳояш оиди доғи терроризм ва экстремизм таъкид менамояд. 

Аз ин рӯ, ҳамасола зимни ироаи Паём, хоса дар панҷ соли охир дар мавриди ин падидаҳои номатлуби давр ва мубориза бо онҳо андешаҳояшонро равшану возеҳ иброз медоранду дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, соли 2013 таъкид доштанд, ки бо назардошти ин хатар ва дар соли оянда, яъне соли 2014 хориҷ гардидани неруҳои байналмилалии зиддитеррористӣ аз қаламрави Афғонистон барои «баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд». Ҳамчунин, ҳисси масъулиятшиносӣ ва омодабошии доимиро тақозо доштанд.
Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши сиёсӣ бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегардиданд. Яъне, терроризму экстремизм роҳҳову усулҳои зиёди густаришро ҳатто қариб дар ҳар хонадон пайдо кард. Ваъдаҳои дурӯғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд майнаҳои ҷавононро заҳролуд сохт. Ба ҷуз ин, онҳоро тавонистанд бовар бикунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои мақсаду ҳадафҳои бузург ва барқарории адолату ҳақиқат мебошад.
Соли 2014 зимни ироаи Паём ҷомеаи кишварро аз васеъ паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона дар байни ҷавонон аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша ҳушдор доданд. Ба ин хотир, дастур доданд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар Паёми соли 2015 аз мунтазам афзудани мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуданд ва таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Чунин як таъкид дар сурате буд, ки зуҳуроти фалокатборро ба дин, хоса ба дини мубини ислом вобаста медонистанд ва ба ин васила, мақсадҳои нопоку сиёҳи худро амалӣ менамуданд. Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Сарвари давлат баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи  маҳз аст».
Дар Паёми соли 2016 ҳушдор доданд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад. Мубориза ба ин зуҳурот «фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро» тақозо дорад. Воқеан, азбаски ин вабои аср ба амнияти тамоми сайёра ва ҳар сокинаш хавф дорад, зарур аст, ки ба он ҳамаи кишварҳо ва ҳар сокини дунё мубориза барад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат равшану возеҳ огоҳ сохтанд, ки ин зуҳурот чун аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд.
Дар ин Паём, ҳамчунин, барои ислоҳи вазъ пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар санадҳои байналмилалӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда муҷозот муқаррар гардад. Кишвари мо, бо таъкиди Сарвари давлат, дар мубориза бо ин зуҳурот дар сафи пеши он қарор дорад. Оре, дар ҳақиқат, асари бади онро мо на танҳо дар солҳои навадуми асри гузашта, балки солҳои баъдӣ низ дидему шоҳид шудем.

Хатлоншои М-сокини н.Восеъ 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-07-2019, 12:27:51 | Диданд: 379