МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Экстремизм ва терроризмро бо муттаҳидӣ пешгирӣ метавон кард

Экстремизм ва терроризмро бо муттаҳидӣ пешгирӣ метавон кард

Имрӯз ба оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстремизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст. Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ - мазҳабӣ мебошад.

Таҳти мафҳуми ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ ҳаракатҳое фаҳмида мешавад, ки кирдори шахс ё гурӯҳи шахсон барои таъсис додани чунин иттиҳод, ҷалб намудани аъзоёни он, таҳияи оиннома ва барнома, муайян намудани сохтор ва вазифаҳои функсионалии ҷузъу томҳои он, тайёр кардани маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, шумораи аъзоёни чунин ташкилот, ташкили воҳидҳои марказӣ ва минтақавӣ, ташкили тарзи фаъолияти чунин иттиҳод ва манбаи моддии фаъолияти он равона карда шудаанд.

Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ) миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ(экстремизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсир мерасонад.

Экстремизм гуногуншакл буда, мақсади он низ ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн мегардад. Мақсади онҳо - моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ғараз аст.

Таҷрибаи сиёсии экстремистӣ, инъикоси худро дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ пайдо намуда, дар шакли исён, ба фаъолияти шӯрангезона ва терроризм зоҳир мешавад.

Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бар муқобили экстермизм ва терроризм мубориза бурда, нагузорем, ки ақидаҳои ифротӣ фазои софу беғубори давлати моро тира созанд. Зеро аз дасти ингуна нафарони ифротӣ мулкҳои обод вайрону сулҳу субот ба ҷангу хунрезӣ мубаддал мешавад. Мисоли равшани онро мо ҳамарӯза аз васоити ахбори омма мушоҳида менамоем...

            Ҳодисаҳои ба вуқуъ омадаи солҳои 90-уми асри гузашта ба мардуми мо нишон дод, ки гуруҳҳои террористӣ барои иҷрои чи гунна корҳои даҳшатовар қодиранд. Сокинони бештари шаҳри Бохтар собиқ Қурғон-теппа нағз дар хотир доранд, ки ин гурӯҳҳо дар навбати аввал ба аҳолӣ чи гунна зарар мерасонанд.

            Якчанд сол қабл гуруҳҳои терористиву экстремистӣ мақсад доштанд, ки дар ВМКБ доман паҳн кунанд. Аммо сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала хотима гузошт яъне тамоми яроқу аслиҳаро ҷамъоварӣ карда ин вилоятро ба як гӯшаи амн табдил дод. Гурӯҳҳое, ки дар ин вилоят мавҷуд буданд ҳамаи онҳоро бе аслиҳа гардонид. Имрӯзҳо ба воситаи роҳе, ки дар чаҳор фасли сол барои мусофирон фаъол ҳаст. Ҳамватанони ВМКБ-и мо аз он истифода мебаранд. Ҳар сол дар ВМКБ 100 иншоотҳои гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

                   Х.Мирзоалиев сокини ноҳияи Восеъ
 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-07-2019, 13:09:34 | Диданд: 403