МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ваҳдатофароем

Ваҳдатофароем

Мо тоҷикон ва Тоҷикистониён дар ин замони пуртазоду  пур  моҷаро ва  бархурди  тамадунҳою  густариш  ёфтани  амалҳои террористтӣ бояд аз ҳарвақта  дида  ҳушёру зирак ва  худшиносу  худогоҳ  бошем .

Зеро мо  бо давлате  ҳамсояем, ки дар он рўзе нест, ки бо дасти гуруҳои тундгаро ҳодисаи нохуше рух надиҳад. Агар аз нигоҳи коршиносони ин масоҳил ба ин кишвар бинигарем, мебинем, ки ин мардумро гуруҳои манфиатҷу ба табақаю мазҳабҳо ҷудо намуда якеро бо дигаре ҷанг меандозанд .

         Ба ибораи  Ҳофизи  Шерози;

 

Ин чи шурест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пураз фитнаю шар мебинам.

 

Ин амалҳои терористи ба ин кишвари бамо дусту ҳамзабон, ҳамдин натанҳо ҷони садҳо  одамонро мегирад, балки ба пешрафти иқтисодию сиёси маъданию фарҳанги маорифу тандурусти ва дигар паҳлуҳои ҳаёти одамон монеаҳо эҷод мекунад. Ҳамин боис аст, ки имруз Афѓонистон аз ҳамма ҷиҳат яке аз кишварҳои қафомондаи минтиқа башумор меравад.  Ободии шаҳри  Кобул, ки ҳануз ҳазорсол  муқадам дар «Шоҳномаи А. Фирдавси » - всф шудабуду аз Душанбеи мо  нишоне набуд  акнун имруз ин ҳарду шаҳрро қиос кунем  фарқият аз замин то осумон.

Ин ҳамма пешравиҳои кишвари мо натиҷаи фазои ороми мо  ва ҳамма минтақаҳои гуногуни мо мебошад .

            Ин  ҳама моро ба он далолат  ва ҳидоят мекунад, ки ватани худро  дустдорем бақадри сулҳу салоҳ ваҳдату ҳамдигарфаҳми бирасем .

Мардуми  шарифи  мо имрузҳо ба ҷашни сисолагии истиқулолияти омодагиҳо дорад  мо дар ин мудат , ки як давраи муаянаш бо мубориза  бо муқобили гурруҳҳои ифродгароиҳо буд тавонистем кишварамонро аз қафомондагии иқтисоди  бароварда, ба кишвари ру ба инкишофниҳода табдил диҳем.  Дар ин ҳама пешравиҳо сулҳу суботи кишвар хусусияти калиди дорад.

         Мушоҳидаҳо онро нишон медиҳад, ки  гурруҳҳои ифроди  таблиѓоти худро бештар миёни ҷавонони нохудогоҳ бароҳ мемонанд ва онҳоро бадоми худ кашиданиянд.

Аз ин ру мо аҳли зиёи кишварро лозим меояд, ки дар бобби кор бо ҷавонон хеле фаол бошем  онҳоро батарибияи худ гирем.  Воқеанҳам ҷои хушнуди аст, ки имрўз ҷавонони мо хешро пайравони пешвои муаззами миллат хонда даст ба ободкориҳо мезананд.  Амо нктаи заифии мо дар он аст, ки имрузҳам ҷавонони фирефхурдаи мо дар кишварҳои шарқи наздик қурбони дасисабозиҳо мешаванд. Хулоса  мо роҳи мушкили сулҳ, ваҳдату ваҳдатофариро тай кардем ва ба ин ҳадафамон расидем.  Онро бояд дар якҷояги Ҳифс намоем ва ба насли ояндаи хеш  давлатеро меросмонем, ки фазояш тинҷу ором мардумаш баҳам дусту бародар бошанд.

 

Одамият чист ?  Худро дурр аз шар доштан

Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.

 

Солиҳов  Р-cармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ    

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-08-2019, 12:35:47 | Диданд: 375