МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ватан ин модар аст !

Ватан ин модар аст !

Тавре мардуми шарафманди  тоҷикистониён огоҳи доранд, дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити арзанда баҳри расидан ба орзуву омоли наҷиб ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагии тамоми сокинон тадбирҳои судманд андешида шудааст. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон, фаъолияти гуруҳои ифротгарою террористи экстремисти тақозо менамояд, ки мо сатҳи роҳи амали гардидани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандаги ва рушди устувори  иқтисодиёти  ҷумҳурӣ  саҳми  худро  гузорем.

Тавре ҳамагон медонем, ки  дар ВМКБ ҳамарӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои мусоид фароҳам меоварад. Ба кор даромадани садҳо иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ дар ин минтақаи куҳистон шаҳодат аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат медиҳад. Дар натиҷаи иҷрои корҳои ободонӣ шумораи сайёҳон сол аз сол ба ин минтақа меафзояд, ки ин албата ба иқтисодиёти ҳар як хонаводаи ин диёр даромади калон мебошад. 

Баъзан тангназарон мехоҳанд бо ақидаҳои ғаразноки худ миёни мардум ноамниро ташкил намоянд. Лек мардуми мо як бор оташи ҷангро дида буд ва ҳеҷ вақт ҳамқадами гуруҳҳои бадкирдор намешавад. 

Ман ҳамчун як шаҳрванди ноҳияи Восеъ як чизро намефаҳмам, «Чаро мардум аз ин кишвари тинҷу ором ношукрӣ мекунанд?», ки онҳо ҳар рўз аз хоб хеста аз ҳатто фикри амнияти худ намекунад. Медонен барои чи? Барои он, ки онҳо дар кишвари тинҷу ором, дар кишвари соҳибистиқлол зиндагонӣ мекунанд, медонанд ки ҳеҷ як кас бо ҷони ў хатар расонида наметавонад, барои он, ки амнияти ў дар муҳофизи  аст. Пас мо бояд аз ин давлату ҳукумат шукргузор бошему дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем… Ҳеҷ як давлати рӯйи дунё, ҳеҷ як хоҷа бе манфиати худаш бароямон коре  намекунанд.

Пас мо бояд ҳурмати якдигарро байни якдигар  донем, Ватанамонро дўст дорем ва ҳифз намоем….

 

Фируз Холов сокини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-08-2019, 08:22:24 | Диданд: 378