МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дасисабозиҳо бас

Дасисабозиҳо бас

Аз расонаҳои хабари воқиф гаштем, ки рўзҳо 16 то 23 августи соли ҷорӣ конфренсияи САҲА баргузор мегардад, ки дар он намояндагони ҲНИ низ иштирок меварзидааст. Мо мардуми тоҷик аз амалҳою хизматҳои хирсонаи ин ҳизб воқифем ва ҷаҳониён медонанд, ки бо дасти ин ҳизб дасисабози дар кишваре, ки  нав истиқлолият ба даст оварда буд чӣ ҳодисаҳои нангину  даҳшатборе рух дод. Намояндагони  ин  ҳизб, ки имрўзҳо хориҷ аз кишвар амал доранду боз забони туҳмат ба ин сарзамин мезанад, дини мубини исломро ба худ ниқоб карда даст ба кирдорҳои заданд, ки ба ислом бегона буд.

Мо мардуми тоҷик хоҳони онем, ки намояндагони ҲНИ дар ин конфронс  иштирок нанамоянд. Аз баромадҳои қалбии онҳо воқифем, ин навбат низ боз бо лафзи дуруғи хеш боз буҳтоне ба ин кишвари тоза истиқлол мезананд.

Имрўзҳо ҳама мардуми мо ба ҳеҷ гунна суханҳои бофтаю дуруғини ин ҳизб эътибор надода аз пайи бунёдкориҳо мебошанд. Дар пеш мардуми моро ҷашни 30-солагии истиқлолият нигарон асту мо дар атрофии Пешвои муаззами миллати худ мутаҳид гашта баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи мубрам,   монда нашуда меҳнат намуда истодаем.

 

Омўзгори МТМУ №39 

Шамси   Араб

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-08-2019, 10:41:20 | Диданд: 405