МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Роҳи интихобнамудаи мо бунёдкорист!

Роҳи интихобнамудаи мо бунёдкорист!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замоне, ки соҳибистиқлолиро ба даст овард бештар дар масъалаи ободкорӣ ва ба по хезонидани иқтисодиёти миллӣ талошҳо варзид. Дар замони 28-соли соҳибистиқлоли дар кишвари азизи мо шумораи телевизион ва радио, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангӣ афзуд. Дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ дигаргуниҳои кулли ба амал омад, ки ҳамаи он талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар радифи чунин пешравиҳо давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ худро тавонист ҳамчун давлати соҳибистиқлол нишон диҳад. 

Тамоми тараққиёт ва пешравиҳое, ки имрӯз ба амал омадааст самараи Ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Вале баъзан душманони мо дар хориҷи кишвар истода ҳангоматалабӣ менамоянду аз кӯчактарин ҳодисаҳо воқеаи бузург метарошанд. Инҳо ҳама созмон ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мебошанд. 

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расмии ҷиноягкорон дар кадом шакле ки набошад, бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеӣ гардонида мешуданд.

Зӯригарии канора ки бо мафҳуми «террор» ифода карда мешавад, дар замони нав дар таърихи сиёсии Франсия бештар рух додааст. Ҷонибдорони ислоҳот тавассути террор ҳимояи манфиатҳо ва озодиҳои шахсро воситаи самараноки муборизаи сиёсӣ медонистанд. Аммо баъдтар дар зери мафҳуми мазкур амалҳои манфӣ дониста мешуд ва террорро ҳамчун ҷиноят бар зидди ҳукумат муаррифӣ менамуданд. Яъне аз охири асри 18 cap карда, мафҳуми «террор» дар маънои манфӣ истифода мегардад.

Шаҳрвандони мо бояд ба мафҳуми терроризм дуруст сарафаҳм рафта дар пешгирии он масъулиятшинос бошанд. 

Зоиров И-сокини н.Восеъ 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-08-2019, 11:34:58 | Диданд: 414