МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 24-ноябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳия маросими кушодашавии манораи Парчами миллӣ ба баландии 34 метр ва манораи Нишони давлатӣ ба баландии 15 метр сурат гирифт.

Баъд аз маросими кушодашавии манораи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф бошандагони ноҳияро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Инчунин дар ин чорабинӣ муовини якуми раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон  иштирок намуда ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ноҳияро табрик намуд.

Дар давоми рӯз маҷлиси тантанавӣ ва кушодашавии як қатор иншоотҳои ҷашнӣ сурат гирифтанд.

 

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-11-2017, 14:24:22 | Диданд: 915