МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Барои корҳои ободонӣ роҳбарон супориш гирифтанд

Барои корҳои ободонӣ роҳбарон супориш гирифтанд

Санаи 18 декабри соли 2017 дар маҷлиси назоратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раисии Ғафурзода Мусо Зариф масъалаҳои тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, пурзӯр намудани назорати сифати маҳсулотҳои дар бозор ва мағозаҳо ба фурӯш монда, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тибқи нақшаи генералӣ оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, ташкилӣ нуқтаҳои фурӯши рӯзномаҳо дар ҳамаи ҷамоатҳо ба  роҳбарону масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар 11-моҳи соли 2017 дар ҳудуди ноҳия 3 бинои муассисаҳои таълимӣ бо шароити замонавӣ, 2 майдончаи хӯрди футболбозӣ ва як қатор иншоотҳои иҷтимою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.  

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-12-2017, 08:49:39 | Диданд: 775