МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Рўйи хиёнаткори Ватан дар ду олам сиёҳ аст!

Рўйи хиёнаткори Ватан дар ду олам сиёҳ аст!

Рўйи хиёнаткори Ватан дар ду олам сиёҳ аст!

 

Зиндагии шоистаи имрўзаи мардуми кишвар тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалҳои созандаву бунёдкоронаи мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз насиб гардидааст. Истиқлолият ва фазои амну субот Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ҳам шукуфонтар сохтааст. Инро миллионҳо мардуми сулҳхоҳу рўшанзамири олам эътирофу эҳтиром месозанд. Аммо чашми чанд тани ангуштшумори фарзандони ношукру тирадилу мансабхоҳи ватанфурўш аз ин оромию пешравиҳо «сих» мезанад. Дар сархати ин хиёнаткорони миллат исми Муҳиддин Кабирию ҳизби наҳзати ў, ки феълан «мурда»-ву дар рўйхати ташкилоти экстремистию террористӣ таҳти рақами 79 шомил шудааст, ном бурда мешавад. Аз ибтидо ТЭТ ҲНИТ ба ин миллату сарзамини аҷдодӣ нигоҳи нек надошт. Зеро бепарда аён буд, ки маҳз ҲНИТ ва саркардаҳои он ташкилотчӣ ва гунаҳгори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирорӣ гардид. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ҳисорот расид. Дар ҳамин давра, бо роҳнамоӣ ва пуштибонии ТЭТ ҲНИТ беш аз 500 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ барои таълимгирӣ ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд. Айни замон аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд. Мутаассифона, зиёда аз 1100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи таблиғи дасисакорон гаштанд, ки бештари ин гумроҳон ҳамроҳи зану фарзандҳояшон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва дигар мамолики Ховари Наздик сарсону саргардон шудаанд. Ҳарчанд Ҳукумати нави кишвар ва шахсан Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди даргириҳои дохилии солҳои 90- уми асри гузашта гуноҳи онҳоро авф кард, барои ба Ватан баргаштанашон мусоидат намуд ва умед доштанд, ки онҳо бо дилу нияти покиза ба давлату миллати хеш содиқона хизмат мекунанд, аммо онҳо аз роҳи хиёнат ва ниятҳои шуми хеш барнагаштанд. Ба таъбири мардумӣ «гургзода оқибат гург шавад» ва саркардаҳои ҲНИТ дигарбора хостгори куштору барангехтани кинаву адоват ва халалдорсозии авзои ҷомеа шуданд. Моҳи сентябри соли 2015 бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ гуруҳи хиёнаткори генерали ошўбгар Абдуҳалим Назарзода даст ба табаддулоти давлатӣ заданд ва ин амали ноком оқибатҳои хунин дар пай дошт. Беҳтарин афсарони содиқи Ватан дар ин набард қурбон шуданд. Халқ рўи сиёҳи хиёнаткорони Ватанро дигарбора дид ва нафрин хонд. Кабирию ҳамроҳонаш хиёнате дар зиндагӣ содир карданд, ки на танҳо имрўзиён, балки ояндагон ҳам онҳоро намебахшанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки рўйи хиёнаткор дар ду олам сиёҳ аст. Кабирию чанд нобакори пойбўси хоҷагони аҷнабӣ роҳи гурезро пеш гирифтанд. Наҳзатиёни фирорӣ  дар хориҷ ҳам бо «доира» - ҳои хоҷагони хориҷӣ «рақс» мекунанд. Ба воситаи шабакаҳои интернетӣ дар ҳаққи давлату мардуми тоҷик буҳтон мезананд ва сиёҳкории худро бешармона идома медиҳанд. Бадбахтӣ он аст, ки наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, бо ҷалби муҳоҷирон ба сафи гуруҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд. Дафтари онҳо барои пурра намудани сафи ҷангиёни ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ, ки дар кишварҳои Ховари Наздик меҷанганд, истифода мешавад. Дар ҳамин ҷо иртибот бо таблиғгарони  гуруҳҳои террористӣ барқарор мегардад, шартномаҳо ба имзо мерасанд, аъзои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтаи ҲНИТ паноҳ меёбанд. Фаъолияти ин ҳизби ғосибу қотил кунун дар Тоҷикистон қатъ шуда бошад ҳам, аммо дасисакории он бурун аз марз идома дорад. Ислом аз зуҳуроташ ба таблиғи ягон ҷамъият, иттиҳодия ва ё ҳизб эҳтиёҷ надошт ва нахоҳад дошт. Дини мубини Ислом аз пайдоишаш то кунун на ҳизб дошт ва на ягон таблиғгари сиёсӣ. Ислом пок ва орӣ аз сиёсат буда, муҳтавои асосии он муқобили зўроварӣ ва қатлу куштор аст. Пояи мусулмонӣ ин адл, рафоқат, инсоф, хайрхоҳӣ ва инсондўстӣ аст, ки дар гирдгашти Ҳизби наҳзатиён  намечархад. Ин ҳизб тарғибгар ба  даъвои бехудоидошта ахиран ба ибораи маъмул атеизмро асос медиҳад. Назар фиканед, мебинед, ки ин аз атеистон ҳам фосиқтаранд. Агар онҳо даъвии ба материалистии ҳаёт бошанд, ин тоифаҳо қотили зархариданд, ки на танҳо Ватан, ҳатто  модари худро бо зар мефурўшанд. Инҳо аз номи дини мубини Ислом истифода намуда, даст ба ватанфурўшӣ бо дархосту  таълимоти хоҷагонашон мезананд. Ку мисоле оред, ки Ҳизби наҳзатиён чи иқдоми ободие дар кишвар намудаанд, ҳеҷ. Масҷиде ё беморхонае бунёд карда, аққалан китоби муқаддаси Қуръонро бе пул дар идҳо ба аҳли муслимин инъом намудаанд, не. Худро боз мусулмони асил меноманд. Ин тоифа аз шайтон ҳам бадтар аст. Коре, ки ин тоифаи наҳзатиён бо роҳбарии Кабирӣ мекунанд, шайтон намекунад. Инсофи шайтон ва раҳму шафқаташ аз ин тоифа болост. Инҳо на мусулмонанд ва на молику ҳомии дин, балки хоину ватанфурўше беш нестанд. Агар даст ба қудрат мерасиданд аввал хеш, баъд ақориб ва вопас тамоми мардуми кишварро ба хоҷагонашон мефурўхтанд. Инҳо ҳамон ҳоҷисавдогаронеро мемонанд, ки бо номи худо савганд хурда, ҷайби хешро бо пули ҳаром пур менамоянд. Дар охир ҳамин нуқтаро оварданиям, ки осоиштагии кишвар бе Кабирӣ ва ҳизби наҳзатиён дастболо мешавад. Мардум дасисаи ин тоифаро маҳз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дарк намуда буд. Аз ин рў дигар ҳаргиз фирефтаи «гандумнамоёни ҷавфурўш» намешаванд ва дар ваҳдату ягонагӣ зери Парчами миллӣ саф ороста, ливои Тоҷикистон ба даст ба хушбахтии насли оянда ҳамрайъи Пешвои маҳбуби миллат ба пеш, ба сўи ободкориву созандагӣ устуворона қадам мезананд. Дигар ҳеҷ дасисаи ватанфурўшон наметавонанд садди роҳ шаванд, зеро давлати мо комилан қудрати дифои хешро молик  аст!

 

 Араби Дўстмурод

 

 

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-01-2018, 13:31:40 | Диданд: 1052