МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд.

         Гурӯҳи кори бо роҳбарии Зевар Давлатзода –муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойниҳол Назриева-корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беҳрӯз Шафоев-мудири шӯъбаи нашр ва иттилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Мирзоён-мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Пиралӣ Назаров-мудири кафедраи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ   аз санаи 8.01.2017 дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуда истодаанд.

         Қайд бояд, намуд, ки гурӯҳи кории алакай дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, ба номи А.Авазов, ба номи М.Вайсов, Тугарак ва шаҳраки Восеъ вохӯриҳо гузаронидааст. Ҳатто бо аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳия Шар-шар, Хоҷа Мӯъмин, Гулисой вохӯриҳо гузаронида шудаанд. 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-01-2018, 14:42:04 | Диданд: 825