МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муқовимат бо ифротгароён

Муқовимат бо ифротгароён

                             

           Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир таи солҳи охир ба ҳалли масоилоте  глобалие рӯ ба рӯ мешавад, ки ҳалли бомақсадонаи он мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо меорад. Яке аз ин масоилоти ҳалталаб, ки ҷаҳони муосирро ба андеша дохтааст, ин пайдо шудани гуруҳҳои радикалию ифродгаро, тундраву экстремизм ва амалҳои терористии онҳо мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башартаваҷҷуҳи бештаре намуда, таъкидан гуфта буд. «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва терористро ба худи ва ба бегона, ашаддӣ ва истилоҳгар, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».  Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ моро бар он водор месозад, ки сари ҳар қадам чӣ дар ҷои кору чӣ дар кӯча ва чӣ дар маъракаю суҳбатҳои сари роҳӣ ба таблиғоти дуруғини муболиғони ташкилоту ҳизбҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷиҳоди ислом», «Ҳизби исломии Туркистон» ва даҳҳо гуруҳҳои тундрави навтаъсис роҳ надиҳем. Чун ман аз аҳли зиёи кишвар ҳастам онро гуфтаниям, ки дар кори фаҳмондадиҳии нақшаҳои манфуру зишти ин ташкилотҳои хатарзо ҳиссаи савод, аҳли маънӣ хеле назаррас аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки муболиғони ин ташкилотҳои  хатарзои  ҷомеа бештар  ба ҷавонони хештаншиносу худогоҳӣ дар муҳоҷирати меҳнатию чӣ дар дохили кишвар такя менамоянду онҳоро ба доми хеш мекашанд. Сипару яроқи асосии онҳо ин дини мубини ислом аст. Аз ин рӯ аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надорад. Дар ҳадисе омадааст «Агар миёни мусалмонон фитнае ба вуҷуд омад, пас  ба даст шамшери чубин бигир». Мурод аз шамшери чубин ин сулҳу салоҳ, боҳамоию  ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Моҳи майи соли 2018 дар ҳамкорӣ бо созмони Миллали Муттаҳит Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ  дар Аврупо ва дигар шарикони рушд дар Душанбе Конфронси байналмиллалии саҳи баланд дар мавзуъи муборизаи муштарак бо терроризм  ва тундгароии  хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.

        Таҳлилу омӯзиши вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ  дурустии  роҳи интихобкардаи давлату  ҳукумати Тоҷикистонро  бар  асоси  татбиқи манфиатҳои  миллии  кишвар собит менамояд.

       Ҳолати имрӯзаи мамлакатҳои Мисру Яман, Ироқу Шом, Авғонистон ҷомеаи ҷаҳониро беш аз ҳарвақта ба ташвиш оварда истодааст. Инсоният барои пешгирии он теша бар пояи андеша мезанад ва дар ин ҷо овардани суханони фарзанди фарзонаи миллат- Эмомалӣ Раҳмон  бо маврид аст. «Пирӯзи бо терроризм танҳо боистифода аз неруи  низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки терроризм  ҳамчун ҳузурат аз он манша мегирад, бояд муайян ва пурра омӯхта  шавад».

       Дар замони Шуравӣ дар ноҳия ҷамъияти «Дониш» амал мекард, ки вазифаи умдаи он таблиғи идеяи ҳизби коммунистӣ буд. Ва фикр мекунам имрӯз зарурати чунин ташкилот ба миён омадааст ва боз суханони Пешвои миллат аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотирам меояд. «Тоҷикистон бо Афғонистон саҳади тӯлонӣ дорад  ба ин масъала бетафовут буда наметавонад». Ин гуфтаҳои Сарвари давлат моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ин оромию суббот, ваҳдату боҳамоии кишварро чун мардумаки чашм нигоҳбон бошем.

 

                       Р. Солиҳов – сармутахассиси шуъбаи

                                               маорифи ноҳияи Восеъ  

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-01-2018, 14:34:30 | Диданд: 755