МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нишасти матбуотӣ гузаронида шуд

Нишасти матбуотӣ гузаронида шуд

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №-1729 ва дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 2-феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ бо раиси ноҳия баргузор гардид.     

Дар нишасти матбуотӣ намоянда аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва хабарнигорони васоити ахбори омма аз телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Варзиш», «Ҷаҳоннамо», «Кӯлоб», «Мавҷи Озод», радиои «Озодӣ», «Хатлон», рӯзномаю ҳафтаномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Пайк», «Кулябская правда»,  «Омӯзгор»,  «Гулхани Восеъ», «Ҳамрози халқ», «Нақлиёт», «Хатлон», «Ҳомии омӯзгор», иштирок намуданд. Инчунин дар нишасти матбуотӣ роҳбарон ва масъулони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳузур доштанд.

Ба хабарнигорони васоити ахбори омма доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои  тараққиёти  иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2017 маълумотнома дода шуд.

        Қайд бояд кард, ки раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои  тараққиёти  иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2017 маълумот дода, сипас ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас гардонид. Ҳамзамон хабарнигорон ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ки дар нишасти матбуотӣ ҳузур доштанд, саволҳои худро пешниҳод намуда, посух гирифтанд.  

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-02-2018, 08:50:42 | Диданд: 936