МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АРМУҒОНИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ

АРМУҒОНИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ

Яке аз намояндагони шинохтаи ҳаёти ҷамъиятии Эрон Алиасғари Шеърдӯст навиштааст: «Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд, аммо имрӯз ба шарофати Президент Эмомалӣ Раҳмон обҳои мусаффо ҷорианд».

Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳон бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмуда, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа, беш аз яксаду шаст ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст дода, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд.  
Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд, ки зарари иқтисодии он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надошт. Душманони миллати тоҷик, қувваҳои беруна ва шарикони дохилии онҳо мақсади қисмат кардани Тоҷикистон ва барҳам додани давлатдории тоҷиконро доштанд.
Аммо баъди ихтилофоту якдигарнофаҳмиҳо, дар ҳолате, ки тақдири миллати тоҷик ҳал мешуд, ба майдони сиёсат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ворид гардид ва исбот кард, ки ӯ ҳомии миллат аст, дақиқназарона, андешамандона, ботаҳаммул қувваҳои бо ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш овард ва ҳамин тавр, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама фаҳмонда тавонист, ки ба ҳам омадан ягона роҳи наҷоти Тоҷикистон аст ва пора - пора , қисм - қисм нашудан низ гувоҳи тақдири баланди мост. Акнун имрӯз дар тамоми Тоҷикистон эътироф мешавад, ки мо Сарвари муносиб дорем ва тамоми дунё эътироф менамояд, ки тоҷикон тавассути хираду тамаддуни қарнҳо боз гирдовардаи худ хеле тез ва сари вақт ба худ омаданду кишвари худро соҳибӣ намуданд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба оламиён нишон дод, ки ба роҳи сулҳу ваҳдат омадан мактаби ибратомӯз буда, барои ҳама халқу миллате, ки гирифтори ҷанг ва бесомониҳо мебошад, намунаи ибрат аст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро метавон ҳамчун таҷрибаи нави сулҳи тамоми халқҳо ишора кард.
Ба қавли собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд».
Мо имрӯз метавонем ба ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва, воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Сарвари давлат дар муроҷиатномаи худ ба ифтихори имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, аҳамияти бузурги ин падидаи таърихиро дар сарнавишти миллати тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён чунин баҳогузорӣ намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5 - 6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид.
Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи тоҷик, ҳарчанд пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд… Ақли солим ва хиради дурбин имрӯз пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат мебошанд ва яке аз чунин дастоварди муҳим, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифи қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон, чунин сухани воло гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам».
Аввалин армуғоне, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми роҳбари давлат ба мардуми тоҷик оварданд, ин паёми сулҳ буд. Ва аввалин иқдоми сулҳофаринӣ бо бахшиши гуноҳи онҳое оғоз ёфт, ки дар муқобили ҳамдигар сангар гирифта буданд.
Дарвоқеъ ин абармарди минбари сиёсат орзуву омоли деринтизори тоҷиконро дар амал татбиқ намуд, ӯ ин миллати парокандаву парешонро, ки гурӯҳе баҳри амалӣ намудани мақсадҳои нопоки якчанд мансабталаб дар қасди ҷони бародари хеш камон ба даст гирифта буд, ба ваҳдату сарҷамъии ҳамешагӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон мустақар кард.
Дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дастоварди таърихии Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бунёдгари сулҳ ва таҳкимбахши ваҳдати миллӣ буда, хизматҳои барҷастаи ӯ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ эътироф карда мешаванд. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меорад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Ҳар он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ армуғон овард.

Исфандиёр БАДАЛОВ, 
ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-02-2018, 15:17:52 | Диданд: 937