МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ОИНАИ ДУРНАМОИ МИЛЛАТ

ОИНАИ ДУРНАМОИ МИЛЛАТ

Паёми Пешвои муаззами миллат амсоли оинаи дурнамои миллат фарогири мавзӯоти муҳиме мебошад, ки дар зиндагии иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангиву маънавии ҷомеа ва рӯзгори хонаводагиву фардии мо корсоз аст. Ба андешаи мо, муҳимтарин масъалае, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ матраҳ шуд, ин масъалаи амнияту бехатарӣ, сулҳу ваҳдат ва осмони беғубори кишвари мост, ки хурду бузург бояд ба қадраш бирасанд.
Беҳуда нест, ки дар оғози Паём таҳлили амиқу мушикофонае аз вазъи сиёсии ҷаҳону равандҳои нохушоянди он, ҳадафу мақсадҳои гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар талошанд суботу амниятро дар саросари дунё барҳам зананд, сурат гирифта аст. Боиси шукргузорист, ки бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо дар фазои мусолиматомез, зери парчами сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳаводисе, ки дар дунё мегузарад, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояти сулҳу амнияти кишвар беш аз ҳар вақти дигар саҳим бошем.
Набояд фаромӯш созем, ки ҳимояту пойдории сулҳу амнияти мавҷуд, истеҳкому решадор шудани он, масъулияти бузургест, ки ба дӯши мардуми тоҷик аст. Вуҷуду аҳамияти сарнавиштсози ин масъулиятро бояд хурду бузург, то мағзи ҷон эҳсос кунанд. Шавқу рағбат, меҳру садоқат ба шуғлу пешае, ки ба души ҳар яки мост, истиқлолияту амнияти кишварро камол мебахшад, устувор месозад. Амният бошад, дар навбати худ имконоти фаровонеро барои рушду пешрафт, шукуфоӣ фароҳам месозад.
Қобили зикр аст, ки як бахши муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушду пешрафти фарҳанг бахшида шудааст. Аз ҷумла, таъкид гардида, ки «тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри ХХI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».
Ба андешаи Пешвои миллат ягона қонуне, ки дорои имконоту зарфиятҳои бепоён аст ва қодир аст, боиси камолу пешрафти маънавиёти мардум, баланд бардоштани ифтихори милливу эҳсоси бузурги  ватандӯстиву ватандорӣ гардад, фарҳанги мост. Ба ин хотир, моро зарур аст, беш аз ҳар вақти дигар дар шинохту маърифати амиқу ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги пешину муосири халқамон саъю талош ба харҷ диҳем. 
Китобхонаи миллӣ ҷавобан ба дастуру пешниҳодоти Сарвари давлат дар мавриди рушди ҳунарҳои мардумӣ тасмим гирифт, ки коргоҳи омӯзиши дӯхти либосҳои милливу рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунари пазандагӣ ифтитоҳ кунад. Ҳоло дар ин замина корҳо шурӯъ шуда ва марҳилаи муқаддамотии он ба поён расидааст. Ҳадафи ниҳоӣ дар ин самт ҷалби ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ, боло бурдани ифтихороти миллӣ ва тақвияту нерумандӣ, эҳсоси эҳтирому муҳаббат ба либосу таомҳои миллӣ иборат аст.
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, 
директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-02-2018, 15:20:36 | Диданд: 733