МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мушкилоти марзӣ дар тамоми давлатҳо мавҷуд аст

Мушкилоти марзӣ дар тамоми давлатҳо мавҷуд аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳиби марз ва ҳудуди ягонаи худро дорад. Дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд”.

Нофаҳмии марзӣ ки байни бошандагони Воррух ва шаҳрвандони давлати Қирғизистон ба вуҷуд омода буд, дар расонаҳои хабарӣ дарҳол паҳн шуда мухолифони давлат аз ин масъала як ҳодисаи калонеро сохтанд ва гунаҳкор сохтанд мутассадиёнро ки ин масъаларо сари вақт ҳал накардаанд. Масъалаҳои марзиву маъмурӣ дар тамоми давлатҳои руи олам мавҷуд аст. Инро танҳо дар натиҷаи гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ ҳал метавон кард. Марзро мушкилоташро ҳал кардан кори осон набуда, заҳматҳои зиёдеро талаб менамояд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо шаҳрвандони кишвари мо ҷароҳӣ ва ҳатто фавтиданд ин боиси нигаронӣ аст. Лек мо наметавонем бо ин асос бо як давлати ҳамсоя муносибаҳои худро дурушт кунем.

Мардуми Тоҷикистон маърифати баланди сиёсӣ доранд тамоми мушкилоти мавҷударо дар доираи якдигарфаҳмӣ матраҳ менамоянд. Чуноне, ки ҳангоми бунёди НБО “Роғун” мушкилотҳои пайдар пай сади роҳ гардида буд, лек маърифат ва хиради мардуми Тоҷикистон ин мушкилотҳоро ҳал намуд.

Дар хуласи ин матлаб онро гуфтаниям, ки мо дар масъалаи ҳифзи марзу бум ҷонисорӣ мекунем, лек ҳалли масъала ва мушкилоти мавҷудбударо дар доираи қонун ҳаллу фасл менамоем.  

 

Ганҷина Шералиева сокини н.Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-10-2019, 11:44:51 | Диданд: 1073