МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Амали ноҷавонмардонаро дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳкум менамоем!

Амали ноҷавонмардонаро дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳкум менамоем!

       Хабари нохуши ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористонро дар ноҳияи Рӯдакӣ шунидам ва гуфтани ҳастам, ки ин афрод намехоҳанд, ки давлатҳо тинҷу ором бошанд. Хоҷагони онҳо барои амалӣ кардани ин амалҳои ғайри инсониашон пайрави иблис мебошанд. Оё дар таркиш ва ҳамлаҳо бештар нафарони заиф занону тифлакон, сарбозоне, ки барои ҳимояи марз мебошанд қурбонӣ мегарданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, саратон ва дигар бемориҳое, ки дар фурсати кӯтоҳтарин инсонро ба қатл мерасонад мубориза мебараду даво меҷӯяд аммо ин террористон бо ҳамлаи ноҷавонмардонаашон ҷони нафарони солимро зери хатар мегузоранд.

Мутаассифона, ҳодисаи нангинеро, ки  рўзи 06-ноябри соли ҷорӣ аз тарафи гурўҳи 20 нафараи силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба вуқўъ омад, ҳамчун амали хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоем. Ин  гуна кирдор мувофиқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали террористӣ ва экстремистӣ ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудааст. Тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳайёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин замина бояд дарк кунем, ки хоинон дар ягон давра, бахусус террористон ва экстремистон ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

            Абдукаримов Ҳ-сокини н.Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-11-2019, 14:28:33 | Диданд: 363