МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сулҳи мо абадист

Сулҳи мо абадист

Мо дар замони соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дигаргуниҳоро ворид намудем. Дар ин солҳои гузашта иқтисодиёти кишвари мо ру ба боло ниҳода дар дохили кишвар истеҳсоли ватани рушд ёфт. дар тамоми мағозаву нуқтаҳои савдо айни ҳол маҳсулотҳои ватании ширӣ, қанодӣ, равғану дигар намуди маҳсулот ба фурӯш гузошта шудааст. Дастархони ҳар як хонадони тоҷик имрӯз пур аз беҳтарин неъматҳои хӯрокӣ мебошад. 10 сол қабл дар дастархони меҳмоннавозии мо чи буду имсолҳо чи аст. тағйирот ҷиддӣ аст. Аёми кӯдаки хелло дар хотир дорам, ки дар солҳои 90-ум бо калушҳои сахт ба мактаб мерафтему аз сардии ҳаво, набудани шишаҳои тиреза, мизу курсиҳои шикаста азоб мекашидем. дар вақти дарс омӯзгор ҳам ба додани дарс намерасид. зеро тамоми мардум саргардони пайдо намудани як бурда нон буданд. 

Ҳамаи ин оҳиста-оҳиста паси сар шуду имрӯз мардуми кишвари азизи ман дар ҳавои софи беғубори Истиқлолият нафас мекашанду шукронаи неъматҳо менамоянд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамасола 100 -ҳо муассисаҳои нави таълимӣ ба истифода дада мешавад. Ҳукумати кишвар бештар дар ноҳияҳои дурдаст шароити таълимиро фароҳам меоварад. имрӯзҳо насли ҷавони мо дар давлатҳои хориҷӣ кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ дар қатори дигар давлатҳо парчамаш парафшон аст. Ин ифтихори миллии мо мебошад. Сулҳ ва Ваҳдати мо абадист мо ба ин неъмати бузург арҷ хоҳем гузошт. 

Абдукаримов Ҳ-сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-11-2019, 11:19:13 | Диданд: 322