МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кишварамро ҳимоя хоҳам кард!

Кишварамро ҳимоя хоҳам кард!

Аз замони хурди дар васфи Ватан шеърҳо азёд мекардам, дар чорабиниҳои мактабӣ саҳначаҳо медидам ва ҳисси баланди Ватандӯстӣ дар замирам ҷой ниҳод. Ва он синни хурди фикр мекардам, ки вақте калон шавам ҳатман барои Ватани хеш рафта хизмат мекунам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳиби марз ва ҳудуди ягонаи худро дорад. Дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд”.

Нофаҳмии марзӣ ки байни бошандагони Воррух ва шаҳрвандони давлати Қирғизистон ба вуҷуд омода буд, дар расонаҳои хабарӣ дарҳол паҳн шуда мухолифони давлат аз ин масъала як ҳодисаи калонеро сохтанд ва гунаҳкор сохтанд мутассадиёнро ки ин масъаларо сари вақт ҳал накардаанд. Масъалаҳои марзиву маъмурӣ дар тамоми давлатҳои руи олам мавҷуд аст. Инро танҳо дар натиҷаи гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ ҳал метавон кард. Марзро мушкилоташро ҳал кардан кори осон набуда, заҳматҳои зиёдеро талаб менамояд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо шаҳрвандони кишвари мо ҷароҳӣ ва ҳатто фавтиданд ин боиси нигаронӣ аст. Лек мо наметавонем бо ин асос бо як давлати ҳамсоя муносибаҳои худро дурушт кунем.

Танҳо ҳаминро қайд менамоям, ки агар дар сурате, ки давлати ҳамсояи мо нисбати муносибатҳои дипломатӣ хунукназарӣ карда аҳолии худро зери назорат қарор надиҳад, он гаҳ ба зиёни давлати Қирғиз хоҳад буд. Мо дар ҳама давру замон сиёсати сулҳпарваронаро пеша кардаем ва ба ҳама ҳамлаҳои душманон ҷавоб гардонида онҳоро шикаст ҳам додаем. Аз хотир пеш аз ҳама бояд ин давлати ба мо ҳамсоя дар доираи қонунҳои амалкунандаи байналмилалӣ муносибат карда пеши роҳи шаҳрвандонашро гираду онҳоро ба муносибатҳои байнидавлатӣ нагузорад, ки халал ворид кунанд.

 

 

Р.Солеҳов сокини н.Восеъ

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-11-2019, 14:55:35 | Диданд: 488