МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хатари терроризмро ҷомеаи башарӣ таъкид месозад!

Хатари терроризмро ҷомеаи башарӣ таъкид месозад!

        Вақте, ки мардум дар солҳои қабли зисту зиндагонӣ мекарданд онҳо аз ҳуқуқу озодиҳояшон бехабар буданду ба онҳо ҳар тарзе, ки мехостанд муносибат мекарданд нафарони тавоно. Баъди инқилоби октябр дар бештари кишварҳо тағйирот ворид гардида инсон дорои ҳуқуқу озодӣ ва қадру номус гардид. Барои таъмини ҳуқуқу озодӣ ва баробарӣ миёни инсоният ҳазорҳо нафарон ҷон бохтанд, то ки насли оянда дар ҳавои софу беғубори ҳаёт зист кунанд.

Бо гузашти солҳо боз тангназароне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд бо амалҳои ғайриинсонӣ ҷомеаи башарирро тарсонанд.

Дар ин самт ҳамчун хонанда гуфтаниям, ки кори бад ҳеҷ вақт натиҷа намедиҳад. Хабари нохуши ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористонро дар ноҳияи Рӯдакӣ шунидам афсус хӯрдам, ки чаро ин тоифа одамон ба амнияти давлати мо халал ворид мекунанд. Мардуми Тоҷикистон касеро озор намедиҳад, ба касе кор надораду бо арақи ҷабин фаъолият карда зиндагиашро мегузаронад.

Хоҷагони террористон барои амалӣ кардани ин амалҳои ғайри инсониашон пайрави иблис мебошанд. Оё дар таркиш ва ҳамлаҳо бештар нафарони заиф занону тифлакон, сарбозоне, ки барои ҳимояи марз мебошанд қурбонӣ мегарданд.

Мутаассифона, ҳодисаи нангинеро, ки  рўзи 06-ноябри соли ҷорӣ аз тарафи гурўҳи 20 нафараи силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба вуқўъ омад, ҳамчун амали хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоем. Ин  гуна кирдор мувофиқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали террористӣ ва экстремистӣ ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудааст. Тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳайёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар ҳимояи марзу бум ва давлатдории худ зирак бошем.  

 

            Шамсов Н- сокини н.Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-12-2019, 08:46:47 | Диданд: 365