МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙТАХТ

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙТАХТ

Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ бунёд гардид
Имрӯз дар арафаи таҷлили 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ - маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.
Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, раёсати Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидаанд. Ба замми ин, нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ва ин, имкон медиҳад, ки нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муайянгардида интиқол ёбанд ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунанд.
Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонда шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қӯшунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада, бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути мониторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.
Бо ҳамин тартиб фаъолияти бемамонияти ин марказ имкон медиҳад, ки тамоми чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, он аз пойтахти кишвар -  шаҳри Душанбе идора карда шавад. Ва ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.
Барои ташкили фаъолияти мунтазами маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  дохили  иншооти  мазкур тамоми шароити зарурӣ бо меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ, фароҳам оварда шудааст.

Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соҳиби бинои нав шуд
Баъди ифтитоҳи маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол бо супориши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Факултаи ҳавопаймо дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 ҳуҷраи корӣ барои афсарону устодон, толори варзиш, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду ҳуҷраи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004 таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд. Дар ин факулта, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 инҷониб беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  фаъолият доранд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори Ҷашни 25 - умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.
Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони муосир мутобиқ гардондани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ намоем.

Бинои истиқоматӣ барои 200 оила дар маҳаллаи Зарафшон 
Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бино барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз се қисм: қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12-ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бино тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.
Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расонданд. Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии «САНИИОСП» омода шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар баробари фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ, ҳамзамон, ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист тайи солҳои охир тадбирҳои муассир андешида, марҳила ба марҳила дар самти ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон муваффақ мешавад.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, аз як ҷониб, ба ҳусни шаҳр таровати дигар зам кунад, аз ҷониби дигар, боиси коҳиш додани мушкилоти норасоии манзили зист дар шаҳри Душанбе, махсусан барои кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ дар пойтахт мегардад.
Ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои давлатӣ манзилҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки натиҷаи татбиқи бобарори сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити бино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз сокинони хуштолеъ - кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки ба Ватан - Модар содиқона хизмат намоянд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 оилаи корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмӯъ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва кумитаҳо тақдим карда шуданд.
Маҳз сиёсати бобарору бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сол ба сол бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ рушд намуда, барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

аз сомонаи Ҷумҳурият

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-02-2018, 07:48:10 | Диданд: 850