МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мушкилоти марзиро сарони давлатҳо ҳал мекунанд на шаҳрвандон!

Мушкилоти марзиро сарони давлатҳо ҳал мекунанд на шаҳрвандон!

Нофаҳмии марзӣ ки байни бошандагони Воррух ва шаҳрвандони давлати Қирғизистон ба вуҷуд омода буд, дар расонаҳои хабарӣ дарҳол паҳн шуда мухолифони давлат аз ин масъала як ҳодисаи калонеро сохтанд ва гунаҳкор сохтанд мутассадиёнро ки ин масъаларо сари вақт ҳал накардаанд. Масъалаҳои марзиву маъмурӣ дар тамоми давлатҳои руи олам мавҷуд аст. Инро танҳо дар натиҷаи гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ ҳал метавон кард. Марзро мушкилоташро ҳал кардан кори осон набуда, заҳматҳои зиёдеро талаб менамояд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо шаҳрвандони кишвари мо ҷароҳӣ ва ҳатто фавтиданд ин боиси нигаронӣ аст. Лек мо наметавонем бо ин асос бо як давлати ҳамсоя муносибаҳои худро дурушт кунем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳиби марз ва ҳудуди ягонаи худро дорад. Дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд”.

Дар ин масъала аҳолии давлати Қирғиз дахолат намуданд, ки албатта он аз ҳисоби нофаҳми мешавад. Масоили марзӣ ба зиммаи роҳбарон мебошад. Дар ин ҷода гуфтушунидҳои байнидавлати амалӣ мегардад на баҳси шаҳрвандон.

Мардуми Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардиданд ва дар бунёди иншоотҳои аср саҳм гузоштанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ин мардум аз солҳои қадим дар бунёди корҳои созандагӣ ҳамто надорад.

 

 

Шамсов Н- сокини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-12-2019, 09:59:55 | Диданд: 347