МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Андеша оид ба мақолаи “Назаров Қ.: Тоҷикистон бояд ба суди байналмилалӣ муроҷиат кунад”

Андеша оид ба мақолаи “Назаров Қ.:  Тоҷикистон бояд ба суди байналмилалӣ муроҷиат кунад”

          Мо насле будем, ки ҳодисаҳои солҳои 90-умро бо ду чашм дидаем ва шоҳид гардида будем, ки бархе аз мардум тарзи либоспушиаш дигар буду пайрави ба дигар тараф мекарданду нисбати сиёсати давлатии худ зид буданд. Ин тоифа ҳамон нафароне буданд, ки худро аъзои ташкилоти терористии ҲНИ мегирифтанд. Баъди хондани мақолаи таҳлилии сиёсатшинос, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Назар Муъминро, ки 29-уми ноябри соли ҷорӣ, зери сарлавҳаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» дар сомонаи интернетии Centrasia.org  нашр шуд.

Фаҳмидам, ки дар ҳақиқат дар замони ҷанги шаҳрванди вазъият аз таъсири беруна нором карда мешуд.  Муаллиф дар бораи тазоҳуроти мардумӣ, боздошт ва куштори иштирокчиёни он дар қаламрави ҶИЭ, инчунин даъвоҳои мақомоти Эрон аз ИМА ва таҳдиди онҳо оиди муроҷиат ба Суди байналмиллалӣ навишта, дар ин ҳошия аз ҷинояткориҳои ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ёдрас мегардад. Н.Муъмин бар он аст, ки тамоми ин ҷиноятҳо бо дастгирии бевоситаи хадамоти махсуси ҶИЭ тарҳрезию амалӣ гардиданд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳамаи инро таҳаммул кардаву хомўширо авлотар донистанд. Ҳол он ки онҳо бояд кайҳо ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат мекарданд.

Тамоми ноадолатӣ ва ба сифр расонидани иқтисодиёти Тоҷикистон сабабгораш маҳз ташкилоти террористии ТЭТ ҲНИ мебошад. Ин ташкилот дар замони фаъолияташ дасти касеро нагирифта танҳо мардумро ба шуру ғавғо бардоштан роҳнамоӣ кардааст.

 

Абдукаримов Ҳ-сокини н.Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-12-2019, 14:18:04 | Диданд: 439