МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нафарони гумроҳ кори зиштро амалӣ намуданд!

Нафарони гумроҳ кори зиштро амалӣ намуданд!

       Вақте, ки бар зидди давлату миллати хуб бармехезӣ ин албатта гумроҳи мебошад. Мо дар замоне давлат дорем, ки онро дар мудати ҳазор солаҳо аждодони мо орзу мекарданд.

         Оромии ин давлати мо неъмати бебаҳо мебошад. Дар ин самт мо бояд зиркаиро аз даст надиҳем. Хабари нохуши ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористонро дар ноҳияи Рӯдакӣ шунидам ва гуфтани ҳастам, ки ин афрод намехоҳанд, ки давлатҳо тинҷу ором бошанд. Хоҷагони онҳо барои амалӣ кардани ин амалҳои ғайри инсониашон собит намуданд, ки онҳо хоин ва душмани мардуми осудаҳоланд. Оё дар таркиш ва ҳамлаҳо бештар нафарони заиф занону тифлакон, сарбозоне, ки барои ҳимояи марз мебошанд қурбонӣ мегарданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, саратон ва дигар бемориҳое, ки дар фурсати кӯтоҳтарин инсонро ба қатл мерасонад мубориза мебараду даво меҷӯяд аммо ин террористон бо ҳамлаи ноҷавонмардонаашон ҷони нафарони солимро зери хатар мегузоранд.

Мутаассифона, ҳодисаи нангинеро, ки  рўзи 06-ноябри соли ҷорӣ аз тарафи гурўҳи 20 нафараи силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба вуқўъ омад, ҳамчун амали хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоем. Ин  гуна кирдор мувофиқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали террористӣ ва экстремистӣ ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудааст. Тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳайёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин замина бояд дарк кунем, ки хоинон дар ягон давра, бахусус террористон ва экстремистон ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

            Хатлоншоҳи М-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-12-2019, 15:51:48 | Диданд: 413