МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Гумроҳон кори зиштро дар Ватани аҷдодӣ амалӣ карданд!

Гумроҳон кори зиштро дар Ватани аҷдодӣ амалӣ карданд!

Ҳодисаи ба амал омадаи ноҳияи Рӯдакӣ  дар ҳақиқат ҳар як нафарро дар ҳайрат мегузорад. Зеро инсоне, ки дар як сарзамин ба воя расидаасту аз он боду ҳаво нафас гирифта аз тамоми набототаш баҳра гирифтаасту бар зидди меҳани худ мубориза мебарад ин аз ҳисоби гумроҳи мешавад. Чунин нафарон хоин ва асолатбохта пазируфта мешаванд. Мо дар замоне давлат дорем, ки онро дар мудати ҳазор солаҳо аждодони мо орзу мекарданд.

         Мутаассифона, ҳодисаи нангинеро, ки  рўзи 06-ноябри соли ҷорӣ аз тарафи гурўҳи 20 нафараи силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба вуқўъ омад, ҳамчун амали хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоем. Ин  гуна кирдор мувофиқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали террористӣ ва экстремистӣ ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудааст. Тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳайёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин замина бояд дарк кунем, ки хоинон дар ягон давра, бахусус террористон ва экстремистон ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

         Мо шаҳрвандони Тоҷикистон намегузорем, ки чунин нафарони гумроҳ дар дохили кишвари мо ҳамлаи террористиро анҷом диҳанд. Бар зидди онҳо мубориза хоҳем бурд.

 

            Хатлоншоҳи М-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-12-2019, 07:58:31 | Диданд: 372