МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Иқдоми мардуми вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон дастгирӣ намуданд!

Иқдоми мардуми вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон дастгирӣ намуданд!

Баъди сароидани Суруди Миллӣ ҳар саҳар дар муассисаҳои таълимии вилояти   Мухтори Куҳистони Бадахшон дар тамоми қаламрави кишвари мо сару садоҳо оид ба ҷонибдории ин иқдоми наҷиб пайдо гардид.

Мардум тарафдоранд, ки ҳар саҳар хонандагон Суруди Миллиро қироат намоянд. Ин метавонад ба баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии шаҳрвандон заминаи мусоид гузорад. Алббата иқдом наҷибро дар ҳама давру замон мардум дастгирӣ менамояд. Дар баробари хатари корҳои таблиғотии гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба мо зарур аст, ки чораҳои таъхирнопазирро оид ба баланд бардоштани ҳиссиёти ватандустии ҷавонон роҳандозӣ намоем. Ҳар саҳар садо додани Суриди Миллӣ аз саҳни муассисаҳои таълимӣ ин метавонад, ки дар замири ҳар як шаҳрванд ҳиссиёти ватандӯстӣ ва меҳанпаратиро зиёд намояд. Дар ноҳияи Восеъ низ ин иқдом дастгирӣ ёфта дар муассисаҳои таълимии мо низ Суруди Милли пеш оғоз дарсҳо хонда мешавад.

 

 

Ҳ.Назарова соини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-12-2019, 07:47:59 | Диданд: 423