МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Марзбонони кишвар ифтихори мо ҷавонон!

Марзбонони кишвар ифтихори мо ҷавонон!

Мо ҷавонони хушбахтарини даврони соҳибитиқлолии ин Ватанем. Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки нохалафе қадами нопоки  худро ба ин сарзамин гузорад ва номи ин гавҳорае, ки мо ҷавононро баъди аз парвариши гавҳораи модар парвариш мекунад, доғдор созад.

Дар ҳақиқат ҳам, марз ин хатест, ки ҳудуди кишвари моро аз дигар мамлакатҳо  ҷудо менамояд. Ашхосе, ки имрӯзҳо марзи моро ҳифз карда истодаанд, ифтихори мо ҷавонон аст, зеро маҳс онҳо ҳудуди кишвари моро аз хатарҳои беруна муҳофизат карда истодаанд. Махз заҳмати онҳост, ки имрӯз мо ҷавонон да фазои орому осишта таҳсил намуда кору фаъолият намуда, истодаем.

Бояд қайд намуд,ки марзбонони мо дар замири хеш ҳисси ниҳоят баланди милли ва ҳувияти хештаншиноси доранд, зеро ҳудуди 1030 километреро, ки ҳудуди кишвари биҳиштосои моро аз як давлати ҷангзада ҷудо мекунад кори начандон саҳл ва осон аст.

Бо шукргузори аз ободиву соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ҳамчун  яке аз ҷавон духтарони сарфарози хатлонзамин гуфтаниям, ки мо ҷавон духтарон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа баҳри пойдор будани давлату миллати хеш, осудагиву оромии мардум мубориза хоҳем бурд.

Дар охир ҳамчун Гурдофариди даврони соҳибистиқлоли бо ифтихор мегуям:

Месазад худро барои ин Ватан афсар кунам,

Дидбонгоҳи худам аз хораву мармар кунам.

          Ман намонам чашми бад суи Ватан созад назар

          Хамчун раъди нимашаб он дидаро абтар кунам.

          Тоҷикистон ҳар ваҷаб хокат барои манн азиз

          Бахри ҳифзи  марзи хокат синаро испар кунам.

 

Муаллифи  маҳфили «Пайравони Пешвои миллат дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Назарова Сайёҳат

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-01-2020, 10:11:40 | Диданд: 351