МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарҳади мо хатти муқаддас аст.

Сарҳади мо хатти муқаддас аст.

       Ҳар як давлат хатти худро дорад, ки дар асоси он марзу бум ҳудуди он муайян мегардад. Сарҳадро барои амнияти давлат таҳти назорати доимии пурзӯр қарор медиҳанд. Ҳимояи  марзу бум  вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвари мо маҳсуб меёбад. Аз замони қадим мардуми сарбаланди мо дар таърихи миллати худ баҳри ҳимояии марзу бум корнамоиҳои зиёдеро ба иҷро расонидаанд, ки дар таърих сабт ёфтааст. Давлати мо кишварест, ки бо 5-давлат ҳамсарҳадӣ дошта дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо азму талоши сулҳҷуёна фаъолият мебарад. Дар ин радиф бо тамоми давлатҳои ҳамсоя робитаҳои  дӯстона дошта ва ин робитаҳоро ба дигар давлатҳои байналмилалӣ таблиғу ташвиқ менамояд. Мо мардуми Тоҷикистон ончунон тарбия ёфтаем, ки малакаи меҳмонавозиро хуб азхуд намудаем. Дар навбати дигар нисбати нафаре, ки бо мо душмани мекунад ва пои нохалафи худро ба диёри мо мегузорад мо дар ҷавоб бо ҷуръатона ва бераҳмона муносибат хоҳем кард. Аз ин ру мо шаҳрвандон ва бошандагони кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ҳар як ваҷаби сарзаминамонро пос медорем ва онро ҳимоя хоҳем кард.  

      Барои ҳимояи марзу бум ҳамасола кишвари мо техникаҳои муосири техникии ҳарбӣ барои нигоҳубини марз таъмин мекунад. Инчунин машқҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи марз амалӣ менамояд.       

           Ҳамаи ин чорабиниҳо барои нангу номуси ватандорист.

   

Тоиров Хуршед-сокини ноҳияи Восеъ  

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-02-2020, 13:55:08 | Диданд: 295