МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Шуғли ғайрирасмӣ зарар ба оянда

Шуғли  ғайрирасмӣ  зарар ба оянда

       Шӯрои  ҳамоҳангсозии  иттифоқҳои касабаи ноҳияи Восеъ яке аз ташкилотҳои калонтарини иттифоқҳои касаба буда, баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарикони иҷтимоӣ  дар асоси Созишномаи минтақавӣ, созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ фаъолият намуда истодааст. Дар ҳамаи ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба ва аҳли оилаи он талабот пешниҳод гардидааст, ки аз тарафи корфармоёни корхона ва ташкилотҳо дар ҳамкорӣ иҷро гардида истодааст. Самти асосии фаъолияти кори Шӯрои иттифоқҳои касаба ин ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон аст. Оид ба ин самт дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва шаҳру ноҳияҳо корҳои омӯзишӣ, семинару ҷамъомадҳо гузаронида  мешавад.

      Дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ дар баромади пурмуҳтавои худ ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти иттифоқҳои касабаро таҳлил карда, дастуру ҳидоятҳо пешниҳод намуданд.

        Зиндагии шоиста ва меҳнати арзанда имрӯз ҳадафи асосии Ҳукумат ба шумор меравад, ки шаҳодати  он давра ба давра баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд гаштани музди меҳнати кормандон, андозаи нафақа ва рушди босуботи соҳаи иҷтимоии ањҳолӣ мебошад ва ин масъала доимо дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

      Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд. Дар ин замина ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар шаҳру ноҳия мавқеи хоса дарёфт намудааст. Барои таъмини истеҳсолот бо кадрҳои баландихтисос  ва  дарёфти ҷавонони  мутахассис зарур аст, ки мо бояд ба аттестатсияи ҷойҳои кории кормандон, мутахассисони ҷавон бештар диққат диҳем,чунки он ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

       Дар ташкилоту муассисае, ки кормандонаш ба шуғли ғайрирасмӣ  машғуланд, аз беэътибории роҳбарон иттифоқи касаба таъсис дода нашудааст ва аз доираи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ берун монда, аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ бебаҳра мондаанд.

         Паст кардани шуғли ғайрирасмӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани шаҳрвандони қобили меҳнат, ин равон намудани маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои мушаххаси беҳсозии сатҳи некуаҳволии мардум, зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандишаванда ба буҷети давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

         Аз ин рӯ,  ҷиҳати  ҷалби  ҳамаи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ба доираи амали созишномаҳо ва шартномаҳои колллективӣ дар маҷмуъ ба шарикии иҷтимоӣ, дастгирии фаъолияти доимии иттифоқҳои касаба, таъмини назорати давлатӣ ва ҷамъиятии муносибатҳои мењнатӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

        Масъалаи дигаре, ки имрӯз метавонад ба ҳаракати иттифоқҳои касаба мусоидат намояд, ин такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои иттифоқи касаба ба ҳисоб меравад.

      Барои омода намудани мутахассиси соҳаи иттифоқи  касаба мебояд такмили ихтисоси кормандонро ташкил намоем. Лекин айни ҳол иттифоқҳои касаба имконияти онро надоранд. Аммо аз рӯи нмконият мо тавонистем семинарҳои омӯзиширо аз тарафи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи ноҳия ба фаъолони иттифоқҳои касабаи ноҳия ташкил намоем.

        Ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои омода намудани мутахассиси соҳаи иттифоқи касаба зарурати талаботи ҷаҳони муосир мебошад, ки тамоми Иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ онро дорост. Маркази такмили ихтисоси доимамалкунанда ва ҷалби ҷавонон ба он  ба манфиати  иттифоқҳои  касаба ва ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон дар ташкилоту корхона новобаста аз шакли моликият мебошад.

         Иттифоқҳои касаба ҳамчун намояндаи меҳнаткашони кишвари азизамон бори дигар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа  ҷонибдорӣ  намуда, баҳри бо корҳои амалию самарабахш боз ҳам  шукуфон намудани Тоҷикистони азизамон камари ҳимматро маҳкамтар бастаанд.

       Пайваста ба ин тамоми кормандону фаъолон ва кулли аъзоёни   Иттифоқҳои касабаи  ноҳия низ дар қатори аҳли меҳнати ҷумҳурӣ бо табъи  болида  шукрона аз он доранд, ки дар оромию тинҷӣ барои рӯз аз рӯз беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгори худ, барои  ба зиндагии шоиста расидан ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ осудаю озодона меҳнат мекунанд.

 

 

                                                                            Ҳикматулло  Ҳамидов 

                                                                раиси Шӯрои  ҳамоҳангсозии                                  

                                                                иттифоқҳои   касабаи ноҳҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-02-2020, 15:59:07 | Диданд: 300