МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бо сирати кӯҳнаю ниқоби нав

Бо сирати кӯҳнаю ниқоби нав

Бо сирати куҳнаю ниқоби нав
Вақтҳои охир дар фазои иттилоотӣ оид ба ташкил шудани ташкилоти нав бо номи “Анҷумани озодандешони тоҷик” хабарҳои гуногун пахш мегарданд, ки симои воқеии онҳо ҳамон ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки бо бо консепсияи тағӣирдодаи худ фаъолияти худро идома дода мехоҳанд дар ин ҷода муваффақ гарданд, яъне бо истифода аз эътиқоди мардум ҳадафҳои нопоки худро дар амал татбиқ кардан натавонистанд. Яке аз созмондиҳандагони ин ташкилоти иғвоангез ин ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ мебошад, ки то ҳол аз таҷрибаи талхи гузаштаи ба сари миллатомада натиҷабардорӣ накарда, барои расидан ба мақсадҳои муғризонаи худ ва иҷро намудани супоришҳои хоҷагони бегонаашон бо сўиистифода аз сатҳи пасти маърифати динию дунявии мусулмонон, бахусус ҷавонон, кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки мардуми мусулмонро аз тариқи дини мубини ислом ҳар чӣ бештар вориди бозиҳои сиёсӣ карда, байни мардум тафриқа эҷод намуда сиёсии кишварро мутташанниҷ сохта буданд.
Ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи сиёсисозии ислом кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ҳокимияти сиёсиро ғасб намуда ҳадафҳои нопоки худро ба амал бароранд. Дар чунин шароит сиёсисозии дин ва дар ин замина барангехтани низоъҳои динӣ-сиёсӣ барои давлати миллии рушдкунанда хеле хатарзо мебошад.

 

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-03-2018, 08:25:55 | Диданд: 777