МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ

ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ

ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори “ба таври демократӣ ва озоду шаффоф” баргузор кардани интихоботи парлумонии моҳи ноябри соли 2015 шуд ва гуфт, имкони баргузории чунин интихоботи озод дар кишвараш вуҷуд дорад. Бояд қайд намуд, ки интихобот яке аз ҷузъҳои асосии системаи сиёсӣ маҳсуб мебошад. Мавҷуд будани интихоботи озод, баробар, пинҳонӣ ва бевосита метавонад иштироки фаъоли мардумро дар раванди қабули қарорҳои муҳим таъмин намояд. Одамон дар интихобот иштирок намуда, бо ин роҳ ояндаи худро интихоб мекунанд. Яъне, ҳар яке моро мебояд, ки интихоби дурусту оқилона намоем, ки ин барои кулли ҷомеа метавонад таъсир расонад. Мо дар марҳилаи ниҳоят ҳасос, яъне дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мардуми тоҷикро мебояд, ки бо азми дурусту иродаи қавӣ вакилони кордону боваринокро интихоб намоянд, вакилоне, ки тавонанд талаботи тамоми шаҳрвандонро қонеъ созанд. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намоянд ва ливои ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон парафшон созанд. ЗИНДА БОД ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗИ МАН!

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-03-2020, 12:50:51 | Диданд: 30