МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳифзи марз-шарафи ҳар як сарбоз

Ҳифзи марз-шарафи ҳар як сарбоз

Ҳифзи марз-шарафи ҳар як сарбоз Хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳҳаббат ба Ватану халқ буда, қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат ба шумор меравад. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш фахр мекунад, зеро на ҳар фард сарбоз шуда метавонад. Ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва сулҳро дар тамоми ҷаҳон пойдор нигоҳ доштан. Мусалламаст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ вазифаи аввалиндаравҷаи ҳар як сарбоз ҳифзи марзи кишвари худ ба шумор меравад. Имрӯзҳо сарбозони шуҷои Ватан марзи 1040 километраи моро аз давлати Афгонистон ҳифз ва муҳофизат намуда истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нерӯи сарбозони мо баланд гардида, қудрати артиши мо бузург аст. Дар ин роҳ даҳҳо нафар сарбозони мо ҷони худро аз даст дода, номи худро абадан дар саҳифаҳои таъри бо ҳарфҳои зарин сабт намуданд, ки ин гувоҳи корнамоиҳои бузург ва ҳуввияти баланди миллии аскарону афсарони мост! Назарова Саёҳат хонандаи МТМУ №1

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-03-2020, 13:17:10 | Диданд: 294