МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЛАНДИ БЕХАТАРИ ВА ЭПИДЕМИОЛОГӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЛАНДИ БЕХАТАРИ ВА ЭПИДЕМИОЛОГӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЛАНДИ БЕХАТАРИ ВА ЭПИДЕМИОЛОГӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД. Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимои вохӯрдан мумкин аст, ки Тоҷикистон ба хатари коронавирус нигоҳ накарда наврӯзи байналмилалиро дар саросари кишвар баргузор намудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри бехатарии халқ шуруъ аз аввали паҳншавии коронавирус тамоми чорабиниҳо вобаста ба пешгирии вируси мазкур роҳандози намудааст, ки хушбахтона ин вируси марговар дар қаламрави Тоҷикистон то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба хисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик Наврӯз яке аз анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаву азизу арҷманд ва куҳан буда мардуми тоҷик бо ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ анъанаҳои миллии худро эҳё менамояд. Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони тоҷик буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Чихеле ки дар боло қайд кардем Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми мо ба ҳисоб рафта ва мо Наврӯзи соли 2020 – ро бо тамоми риояҳои бехатари ва эпидемиологӣ аз хатари коронавирус ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри бехатарии аҳолӣ агар лозим медонист соли ҷорӣ наврӯзи байналмилалиро таҷлил наменамуд. Тадбирҳои андешидашудаи ҳукумати кишвар боиси он шуд, ки мо тавонистем Наврӯзи байналмилалиро дар сатҳи баланд баргузор шуд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба суханҳои бардуруғи шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накарда ва мунтаззам аз маълумотҳои расмие, ки дар шабакаҳои давлатии Тоҷикистон пахш мегарданд, огоҳ бошанд ва баҳри бехатарии худ ва наздиконашон аз пешниҳодҳои Вазорати тандурустӣ оид ба пешгирии коронавирус истифода намоянд. Корманди беморхонаи марказии н. Восеъ Иброҳимзода С

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-03-2020, 11:45:20 | Диданд: 288